Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Фаромўш накунед, ки дар қафои ҳар як номаи ба идораи мо омада, шахси зиндае меистад, мегўяд. Агар чунин аст пас чаро ў ба хабарномаи аз ноҳияи Гулистон омада, аз паси панҷа нагиристааст. Ё магар муайян кардани шахсияти мақтул барои ў қурбе надорад?
Капитани милиса ҳеҷ фаҳмида натавонист мақоми роҳбариятро дар ин бора ва худро бар он тасалло дод, ки аз даври дунёбино сухану амали садрнишинон як нест ва Ҳофизи Шерозӣ, ки шеъраш олам гирифтааст ва худ мақоми авлиёгӣ дорад, беҳуда аз садрнишинони замонаш шикоят накардааст, ки:
«тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд».
Шояд Рўзӣ Олим гумон кардааст, ки дигар ҳеҷ гуна ҷустуҷў ва ҳатто муайян кардани шахсияти мақтул ўро зинда нахоҳад кард ва маҳз санҷиши хабарномаро ба мутахассиси ҳамин соҳа капитани милиса Ҷамол Солеҳ, ки чор рўз пас аз рухсатии меҳнатӣ бармегаштааст, вогузоштааст…
Тайи шаш соли охир Ҷамол Солеҳ вазифаи ваколатдори бахши кофтукови ҷиноятиро оид ба ҷустуҷўйи бедарак ғайбзадагон ба дўш дошт. Дар ин муддат ба ў муяссар шуд, ки аз рўйи арзу шикояти шаҳрвандон, ки ба умеди дарёфти хешу ақрабои худ ба милиса муроҷиат намуда буданд, даҳҳо нафар ғайбзадаро бо роҳҳои оперативӣ ҷустуҷў намуда, қисме аз онҳоро зиндаву саломат ба назди хешу ақрабояшон баргардонид. Албатта, корҳои ҷустуҷўйӣ на дар ҳама ҳолатҳо ба некӣ меанҷомиданд ва мардуми бо умед ба милиса муроҷиаткунанда низ на ҳамеша аз хабарҳои гирифтаашон, ки дар асоси факту рақамҳои дақиқ оварда шуда буданд, аз кори милиса ва ҷустуҷўйи хеш хурсанд мешуданд. Дар чунин мавридҳо ҳам мардуми аламзада нисбат ба кори милиса як эҳтироми беандоза доштаи хешро иброз менамуданд, чунки мақому мароми зиндагӣ ҳамин буд ва ҳар пасту баландии он шукронаро тақозо мекард.
Ҳоло ҳам дар истеҳсолоти ў чанд парвандаи ҷустуҷўйӣ қарор дошт ва ба қавле болояшонро чангу гард зер карда аст.
Ҷамол Солеҳ ҳам бе фикри ин парвандаҳо набуд, аз рўйи ҳар кадоми онҳо ба мақомотҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳо ва берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ хабарномаҳо мефиристод, бо шахсони гуногун, ки боре ҳам бо ғайбзада ки акнун ба таври расми бедарак гардида эътироф мешуд, вомехўрд ва то ҳади имкон корро ба марра наздик мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор