Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ниҳоят ў назди утоқи кории хеш таввақуф намуд ва калидро аз ҷайбаш бароварда дарро кушод. Баробари дарро кушодан ҳавои ғализу намноке ба рўяш зад ва Ҷамол Солеҳ дилу бедилон вориди утоқи кории хеш гашта, коғазҳои аз котиботи шуъба гирифтаашро болои мизи кориаш гузошта, худ ба тарафи тиреза ҳаракат кард.
Чун тирезаро кушод шамоли серуне ба рўяш бархўрда, вориди утоқи корӣ гашт ва капитани милиса беихтиёр мақоли халқии муши беруна, муши дарунаро аз хонааш рондаастро ба ёд овард.
Тахминан чор– панҷ дақиқа Ҷамол Солеҳ назди тиреза рост истод. Ба ёд овард даври бачагии хешро ки чи тавр мардум рўзҳои 1 ва 2 майи иди байналхалқии меҳнаткашонро таҷлил менамуданд. Ҳоло бошад аз таги тирезаи утоқи кории ў, ки рў ба рўйи роҳи калон кушода мешуд, аҳён–аҳён мардумон мегузаштанд ва кас мақсаду мароми онҳоро ҳам фаҳмида наметавонист. Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҳам ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки дар ин субҳи босафои рўзи дуюми иди май мардум ба куҷо равонанд: ба сайргоҳ, ё ба бозор.
Рост истодан ба дилаш зад, ки ў ба курсӣ нишаст ва латтаеро аз ҷевони мизи кориаш бароварда, болои мизро тоза намуд ва хабарномаи лаҳзае пеш аз котибот гирифтаашро ба даст гирифт…
Ба муши беруна муяссар шуд, ки дар як муддати кўтоҳ муши дарунаро аз хонааш бадар созад. Дигар аз он бўйи ғализу намнок нишоне намонд. Ҳарчанд утоқи кории ў чун утоқи кории Зарнигор бўйи мушку анбар намекард, вале барои ў ҳамин ҳавои тоза басанда буд.
Ҷамол Солеҳ як бор не, балки ду маротиба хабарномаи аз ноҳияи Гулистон рўзи 26 апрел фиристодаро хонд. Ба расм ки аслан онро шинохта намешуд хуб зеҳн монд, вале ҳамаи ин дар айни вақт бенатиҷа буд. Аз рўйи муҳри мадохили идораашон бармеомад, ки хабарномаи мазкур ба ШКД–и ноҳияи Озодӣ рўзи 29–апрел дохил шудааст. Чаро ўро ба дигар корманд насупориданд, наход ба тақдири номаҳои ҳампешагони хеш ҳамин хел бепарво бошанд? Сарвари идора подполковники милиса Рўзӣ Олим ҳама вақт кормандонро оид ба санҷиши арзу шикояти шаҳрвандон ҳушдор месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор