Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба оянда бо чашми нек менигарист ва умед бар он дошт, ки рўзе мерасаду парвандаҳои дар истеҳсолот будааш ҳалли хешро меёбанд, ҳарчанд на ҳамаи онҳо баҳри хешу ақрабояшон хабари хуш меоварданд ва мардум ҳатто хабари бадро ҳам ба некӣ мепазируфтанд, чунки маҳз ҳамин хабари нохуш онҳоро аз ҷустуҷўйҳои беохир озод мекард ва дигар як умр чашм дар роҳ намешуданд. Хабар хоҳ нек ва хоҳ бад буд қосиди он дар ноҳияи Озодӣ капитани милиса Ҷамол Солеҳ буд, ки баҳри ба даст овардани хабаре чи қадар кўшиш мекард…
Ҳоло ў дар ёд дошт, ки дар муддати ин шаш сол ба дарди чи қадар дардмандон дармон гашт ҳарчанд на ҳама ҳолатҳо ўро шод менамуданд. Буданд ҳолатҳое, ки дар чашмони ў низ мисли мардуми аламзада аз хабари нохуш ашк ҳалқа мезад.
Ҷамол Солеҳ медид, ки чи хел дар солҳои нобасомонии кишвар баъзе худобехабарон ба нафъи хеш кор карда соҳиби қасрҳои бошукўҳ ва автомашинаҳои хориҷӣ гаштанд. Ёриҳои башардўстонаро пинҳонӣ ба фурўш бароварда, баҳри хеш ва боз оне ки дар ин ҷода сарпарасташон буд, пул мекарданд.
Яъне ҳаққи ройгон омадаи мардумро бо худи мардум фурўхта, бозори хеш гарм мекарданд ва касе пишакашро пишт гуфта наметавонист. Қариб ки дар он солҳои пурошўб зоғи бе доғ намонд ва мардум аз тарс тарки манзили хеш намуда буданд.
Яке дар Афғонистон буду дигаре дар Эрон ва хешу ақрабояшон бо ариза дар пеши дари милисахонаҳо, хонаи радиою телевизион ва рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ. Он солҳо доираи фаъолияти ҷустуҷўйии Ҷамол Солеҳ ҳам ниҳоят васеъ буд. Аз рўзҳои аввали фаъолияти хеш ў ба хулосае омад, ки на ҳама ғайбзадагон бо дунёи фонӣ падруд гуфтанд.
Маҳз дар муайян намудани ҷойи зисти асли баъзе аз ғайбзадагон, ки милиса дар асоси аризаи хешу ақрабояшон парвандаи ҷустуҷўйӣ оғоз карда буд, саҳми Радиои Тоҷикистон аз ҷумла барномаи «Хоки ватан» назаррас буд. Ҷамол Солеҳ чандин маротиба тавассути ҳамин барнома ҳамдиёрони ғайбзадаашро ба ватани аҷдодӣ даъват намуд ва дар ин ҷода ба муваффақият ҳам ноил гашт. Фоизи кушодашавии парвандаҳои ҷустуҷўйи дар итеҳсолаш буда қариб ба 86 расида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор