Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин огоҳкуниҳо барои он аст, ки корманди милиса аз пайи дигар кор наравад ва ё агар зарурияти ба ягон ҷо рафтанаш бошад аз бахше ки корманд шомили он аст, ба гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ дигар касро сафарбар намоянд.
Дар давоми рўз майори милиса Абдумаҷидов чор маротиба ба ҷойи ҳодиса рафт ва чор нафареро ки рўзи гузашта бо даъватнома ба милиса таклиф карда буд, пурсид. Сари субҳ вақте ў аз хона баромад ҳамсараш ҳатто эътироз намуд, ки кор соати 800 сар мешавад ва бояд ў ақаллан чой нўшида равад, вале қоғазҳои нотайёр боиси гапу калочаҳои зиёд шуданаш мумкин буд, бинобар ин аз нўшидани чой ҳам даст кашид. Охирин маротиба аз ҷойи ҳодиса, ки авбошӣ дар тарабхона буд, соати 2153 дақиқа баргашт ва боз соате бо авбошон ҳамроҳи муфаттиш кор кард. Ниҳоят аз навбатдор рухсат пурсида, соати 2345 дақиқа ба утоқи кориаш баромада, лакоту хаста худро болои бистар партофт ва ҳамоно хобаш бурд…
Субҳ бо таъби болида аз хоб хест ва баъди варзиши пагоҳирўзӣ дасту рўй шуста ба чойхонаи бозори «Боғбон», ки дар масофаи дусад метр аз бинои шуъбаи корҳои дохилӣ воқеъ буд, даромада тановули субҳгоҳӣ намуд. Нав пой бар остонаи идора монда буд, ки навбатдор хабар дод: дар лаби дарёи Сароб ҷасади мардеро ёфтанд.
– Ин хомўшии имшаба бебало набудааст– ку?
– Хомўшӣ хомўшии пеш аз ҳуҷум буд рафиқ майор ва агар майли ғалаба дошта бошед, шитобед, саманд (автомашина) шуморо интизор.
– Дигарон рафтанд.
– Ҳама шуморо интизор. Сари қадам дар пеши прокуратура истода муфаттиши прокуратураро ҳам бо худ гиред. Ман аллакай ба прокуратура занг задам.
– Майлаш ман ҳозир гўён Абдумаҷидов ба утоқи кориаш баромада ҷуздонаш ва чанд дона қоғази сафедро гирифта баргашт…
Баробари ба автомшина нишастан ронанда муҳаррикро ба кор андохта ба кадом тараф ҳаракат карданашро пурсид.
– Сараввал ба прокуратура гуфт сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, ки ҳам аз рўйи сину сол ва ҳам аз рўйи унвон аз дигарон калонтар буд ва ҳамин хотир курсии пеш, курсии паҳлуи ронандаро то омаданаш бе ягон амр банд карда буд.

пешина
аз 558
навбатӣ