Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Суръатро бисёр не, ақаллан бист километри дигар зиёд намуда бин ки чи тавр сарозер ба поён рафтӣ. Ҳарчанд ин қонун дар ягон ҷо навишта нашуда буд, вале ронанда Тўйчӣ Ҷалол ва мўйсафеди ҳамроҳаш пой бар болои он гузоштанд.
Вақте ки одам пой бар болои қонун монд, зиндагиро бештар дўст медорад, чунки то ба ин ҳолат ў ба қадри шириниҳои он нарасида. Ва сабаби ҳамаи ин ба зиндагӣ баҳои нодуруст додан аст. Мегўянд қадри нон аз гурусна ва қадри озодӣ аз ғулом бипурс.
… 11 ...

Баробаршавии шабу рўз шояд ба дигар муассисаҳо таъсири мусбӣ дошта бошад, вале дар милиса таъсири манфӣ дорад.
Шояд хонандаи арҷманд ба ин бовар накунад, вале бояд иқрор шуд, ки дар ҳама фасли сол дар милиса аз субҳи содиқ ё худ чашми рўз кафидан то шом ва ё ба тарзи дигар гўем, ғурби офтоб, ё худ говгум, вақте ки дар торикӣ дигар симои шахсро шинохта намешавад, кор дар ҷўш аст. Аслан дар милиса кас чи тавр гузаштани вақтро ҳам намефаҳмад. Махсусан, дар милисаи шаҳрӣ. Гурўҳи фаврӣ– тафтишотӣ дар давоми навбатдории хеш баъзан имконияти лаҳзае истироҳат намуданро намеёбанд.
Агар рафту баъди соатҳои бисту чор каме оромӣ ҳукмфармо гардаду 02 аз занг задан монад ҳам, касе кафолати субҳи содиқро дода наметавонад, ки телефони 02 хомўшии шабонаро ки он аслан ба хомўшии пеш аз ба ҳуҷум гузаштани замони ҷанг монанд аст, ҷуброн нахоҳад кард. Шаби 25–ум ба 26–уми апрел ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ майори милиса Абдумаҷидов, ки шомили гурўҳи фаврӣ тафтишотии ШКД–и ноҳияи Гулистон буд, расо соати 24 қоғазҳои болои мизи кориаш бударо ба ғалладон ҷо ба ҷо намуда, бистари хешро аз болои говсандуқ гирфта болои мизи корӣ, ки шакли «Т»– дошт паҳн намуда, дароз кашид. Аслан дар баҳор мардум ниҳоят хоболуд мешаванд ва майори милиса Абдумаҷидов ҳам истисно набуд. Вақте ки ў сари субҳ ба милиса омад, ақрабаки соати калони деворӣ дар болои дари милиса 635 дақиқаро нишон медод. То саршавии кор ў аслан қоғазҳои дар истеҳсолот доштаашро дида баромад ва аз болои ду тойи он, ки дар назорат буданд, маълумотнома тартиб дод. Соати 750 дақиқа маҷлиси фаврии назди сардор, оғоз шуд ва қариб як соат давом кард. Чун аз маҷлис берун омад, навбатдор ўро ҳушдор сохт, ки имрўз шомили гурўҳи фаврӣ – тафтишотист.

пешина
аз 558
навбатӣ