Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба прокуратура бошад ба прокуратура гўён ронанда автомашинаро ба ҳаракат даровард.
Муфаттиши прокуратура Сиддиқов аллакай рўйи роҳ баромада буд ва баробари исти автомашина бо як чолокӣ худро ба дохили он гирифт. Ронанда боз автомашинаро ба ҳаракат дароварда ба қафо баргашт ва аз рўйи хабари телефонӣ, ки навбатдор ба ў фаҳмонда буд, ба самти шимоли дарёи Сароб ҳаракат кард…
Онҳо дар роҳи калон рафта истода, ҳар замон ба тарафи чап назар мекарданд. Аз рўйи гуфти навбатдор шахсе ки ба милиса телефон карда буд, дар даст шасти моҳигирӣ дар рўйи роҳи калон онҳоро интизор мешудааст.
– Ба фикрам ана он кас гуфт Абдумаҷидов ба тарафи дасти рост ишора карда.
– Он кас бояд аз тарафи чап истад,– эътироз кард ронанда ва дар ҳамин вақт марди дар паҳлуи роҳ буда автомашинаи милисаро шинохт магар, ки даст бардошт.
– Ронанда тормозро пахш кард ва автомашина дар масофаи тахминан панҷоҳ метр аз пеши он мард гузашта истод.
– Ниҳоят он мард, ки даст бардошта буд, назди автомашина омада худро муарифӣ кард:
– Мирзо Наҷот. Ба милиса ман занг зада будам.
– Мақтулро аз куҷо ёфтед?
– Тахминан панҷсад– шашсад метр болотар дар соҳили дарё.
– Шинед рафтем.
Мирзо Наҷот дид, ки дар курсии қафо ҷойи нишаст нест хост ҳамин хел ҷойи ҳодисаро фаҳмонда, аз пайи кори хеш шавад, бехабар аз он ки ў акнун шоҳиди рақами як аст (дар айни ҳол) ва милиса ба ҳеҷ ваҷҳ ўро ҳамин хел осонакак ҷавоб нахоҳад дод…
– Ба паҳлуи ман нишинед,– гуфт Абдумаҷидов ва Мирзо Наҷот дар курсии пеш нишаста самти ҳаракатро муайян кард.
Абдумаҷидов ба дасту бозўйи паҳлавонаи Мирзо Наҷот нигариста андеша намуд, ки агар ҳампаҳлўяш дар милиса кор мекард, нуран алонур мешуд…
– Дар куҷо кор мекунед?
– Дар мактаб, муаллим ҳастам.

пешина
аз 558
навбатӣ