Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шукри Оллоҳ таолло акнун сарнавишти миллат дар дасти худи мост ва баъди ҳазор сол мо тақдири хешро ба дасти худ гирифтем ва онҳое, ки бар хилофи қонун амал мекунанд аз заҳрпечаке беш нестанд.
Заҳрпечакҳо бошанд реша надоранд.
Маҳз он рўз ҳамин суханон дили ўро ба зиндагӣ боз нарм кард, вале то кунун аҳён-аҳён ҳам бошад қонуншиканиҳо рух медоданд, чунки силоҳи зиёде дар дасти мардум буд.
Ҳарчанд акнун дар шаҳр тинҷию оромӣ шуда буд ва мардум ин тинҷиро аз кори хуби милиса арзёбӣ мекарданд, вале он чи ки ў чанд лаҳза пештар дар ин роҳи кўҳистон дид…

… 6 …

Мегўянд, ки дар биҳишт роҳсоз аз пеш аст, чунки сангеро аз рўйи роҳ гирифтааст ва ин кораш мақбули худованд шуда гуноҳҳояшро авф намудааст.
Милиса чӣ?
Албатта, мақоми милиса ҳам аз роҳсоз кам нест ба шарте, ки ў ба кори хеш содиқ бошад, тамаъкор набошад, сафедро сиёҳ нагўяд ва баръакс.
Он аскарони рўйи роҳ ва боз он милисаҳое, ки ў имрўз дид, маҳз ҳамон сангҳои рўйи роҳанд ва то онҳоро аз рўйи роҳ нагиранд аз оромию осудагии кишвар гап задан нашояд. Чунин шахсон бо роҳи ошнобозию тағобозӣ тасодуфан ба милиса роҳ ёфтанд, бинобар ин фарқ байни кассаю кисаро намедонанд, худ ки бешарму беномусанд парвои шарафу номуси миллату давлат надоранд. Ба қавле онҳо чашми давлатанд, вале дар асл маҳз худи онҳо ба чашми давлату миллат хок мепошанд ва сабаби ҳамаи ин беҷазо мондани худи онҳост, чунки тағо доранд…
Тағояшон низ тағое дорад ва тағои тағояшонро ҳам тағое ҳаст ва ҳамаи ин тағоҳо чун торҳои тортанак ба ҳам пайвастагӣ доранд, вагарна дар кадом қонун навишта шудааст, ки ҳомии қонун мисли ҷўгӣ талбандагӣ кунад…
Имрўз ҳам мисли он рўзи сарди зимистон, ки аз бинои фурудгоҳи шаҳрӣ берун шуд, боз ҳамон шеъри устод Турсунзодаро:

пешина
аз 558
навбатӣ