Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вай дарк кард, ки ҳамаи онҳое, ки силоҳ ба даст доранду дарвозаи ҳавоии шаҳрро ба зери ҳимояи худ гирифтанд, омадани ў ва ў баринҳоро бесаброна интизорнад. Хайрият тайёра онҳоро овард, вагарна қариб ҳамаи он ҳомиёни қонун аз гумруку сарҳадбон то милисаи қаторӣ, ки ба роҳи шиносу ошнобозӣ дар фурудгоҳ ҷойи кор ёфтанд, аз гуруснагӣ ҷон ба ҷаббор месупурданд.
Нигоҳи кормандони фурудгоҳ он қадар тамаъҷўёна буд, ки ба ҷуз кўр дигар ҳама гуна бандаи хокӣ онро дарк мекард.
Тўйчӣ Ҷалол дар аввал худро каме ба нодонӣ зада, хост аз назди корманди гумрук гузашта равад, вале корманди гумрук ҳам марди аноӣ набуд. Ў ҳаррўза бо садҳо нафар мусофирон сару кор дошт ва дар обу оташи зиндагӣ пухта расида буд, ки гуфт:
– Ҳа, бародар як худата ҷумбон.
– Ман раққоса нестам.
– Ман ҳам завқи тамошои рақси худатро надорам, наход нафаҳмӣ ки…
– О, мақсадатонро кушоду равшан гўед намешавад.
– Ҳақи мо канӣ?
– Хайрият ки ман омадам.
– Дида истодаам, ки омадӣ, вале одамгариро ҳам фаромўш кардан хуб нест.
– Агар ягон рўз меҳмони хонадони мо шудӣ мефаҳмӣ, ки ман одамгарӣ дорам ё на.
– Ҳамин корро ҳамин ҷо ҳам ба ҷо орӣ бадӣ надорад. Хайр дар ҳама намудаш хайр аст, канӣ як ҳаракат кун додар…
Тўйчӣ дид, ки илоҷи гузаштан нест ва маҷбуран коми ҳар як ин аждаҳои навбаромадро ширин намуд. То ба беруни фурудгоҳ баромадан 50 фоизи нархи тайёра боз сарф шуд. Дар назар чунин менамуд, ки либоси низомипўшон корманди давлат не, балки талбандаҳое буданд, ки ризқу рўзиашонро дар дарвозаи ҳавоии шаҳр пайдо мекарданд.
Чун ў аз бинои фурудгоҳ берун омад, марди миёнсоле, ки ҳамроҳаш дар тайёра омада буду шаҳди пешвозгирии ҳамзабононашро чашид, бо дили пур аз дарду андуҳ гуфт:
– Худо ба бедаст дасту ба калбуз шох надиҳад додар ва ҳамаи ин бесарусомониҳо аз касофатии демократия ва бозсозии Горбачёв аст, ки илоҳо холи сарашро кирмҳои лаҳад хўранд, вале бародар ин ҳама нобасомониҳо гузаронанд.

пешина
аз 558
навбатӣ