Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ў дар оина медид, ки чи хел он ду милитсионер байни худ баҳс доранд.
– Пештар ин хел набуд,– ниҳоят ба сухан оғоз кард мўйсафед.
– Пештар ин пештар буд бобо, ҳоло бошад… хайр шумо дидед. Ҳеҷ фаҳмида намешавад на милисаашро ва на аскарашро. Ҳама аз пайи муфт ба даст овардани чизе…
– Замона ҳамин хел, назорат нест, вагарна, кӣ дидааст милиса чун талбанда ҳақ талаб намояд…
Ҳодисаи лаҳзае пеш байни ў ва милитсионерон рухдода, воқеаи се сол пеш дар фурудгоҳ рухдодаро ба ёдаш овард ва мурғи хаёли Тўйчӣ Ҷалол ба дуриҳо парвоз кард…
Ҳанўз вақте ки ў дар хизмат буд, воқеаҳои Тоҷикистон оғоз гардиданд ва баъди адои хизмат ў боз се сол дар Россия монд.
Сабаби монданаш дар он ҷо ҳамон тоҷикони фирорие шуданд, ки барои кор ба Россия рафта буданд. Бо маслиҳати ҳаммиллатони хеш Тўйчӣ Ҷалол дар заводи автомобилбарории «ЗИЛ»
ба кор даромад. Ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, ў бо як дилгармие ба кор шурўъ намуд. Ниҳоят баъди се соли кор боз ёди ёру диёр кард…
Се сол пеш дар яке аз рўзҳои зимистон ба воситаи тайёра ў ба сарзаммини аҷдодӣ фаромад.
Ҳарчанд тайи панҷ соли дар муҳоҷират буда, ў дар фироқи хешу ақрабо месўхт, ҳарчанд ў ёру дўстон ва лафзи ширини модариро ёд карда буд, баробари по ба сарзаммини аҷдодӣ гузоштан худро бегона ҳис кард. Тоҷик, ки силоҳ дар даст дошту ҳимояи қонунро ба дўши хеш гирифта, бо ў на ба забони модарӣ, балки бо забони ғайр ҳарф зад. Муносибати он силоҳбадасти ҳаммиллаташ бо ў тарзе буд, ки на бо ҳамватани аз ҳиҷрат баргашта, балки бо ғуломи аҷнабие, ки ҷойи кори ўро гирифтан омадаву ўро аз луқмаи нонаш маҳрум сохтан мехоҳад. Гарчанде ки бўйи хоки ватан ба димоғаш зада буд ва мебоист дар қалбаш як хурсандиеро бедор созад, вале аз нигоҳи сарди ҳамватанонаш, ки ҳимояи давлатро дар дарвозаи ҳавоии шаҳр ба дўш доштанду он нигоҳҳо аз сардии чиллаи зимистони онрўза сардтар буданд, дилаш таҳ кашид ва агар имконият медошт шояд қафо баргашта боз вориди тайёра мешуд, то он нигоҳҳои сард ва тамаъҷўйи ҳомиёни қонунро набинад, аммо афсўс, ки роҳи бозгашт набуд ва ў бояд илоҷе намуда, аз бинои фурудгоҳ берун мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор