Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кўдаке мегашт бо қуттии худ,
Дар хиёбони лаби баҳри Кабуд.
Ҷустуҷў мекард ў инсофро,
Осмони софу кўҳи Қофро.
дуюмбора ба ёд овард… Ронанда фаҳмид, ки аҳволи ў аз ҳамон кўдаки ҳинду имрўз беҳтар нест, балки бадтар аст, чунки агар ҳиндубачаро марди аҷнабие ба чунин рўзгор расонида буд, вайро бошад ҳаммиллаташ, ҳамзабонаш, ки бо ў ҳамдил нест, дар рўзи рушан ғорат мекунад…
Вале ў ба оянда бо чашми нек менигарад, чунки боварӣ дорад ҳамаи он шахсони тасодуфан чун сангҳои аз кўҳ ба рўйи роҳ афтида, ки ба мақомоти қудратии кишвар дохил шудаанд, рўзе аз рўйи роҳ гирифта мешаванд.
Барои чунин хулосабарорӣ Тўйчӣ Ҷалол асос ҳам дошт. Се сол пеш вақте ки ў аз Россия баргашт вазъият ниҳоят муташанниҷ буд, ба қавле саг соҳибашро намеёфт. Ҳамон вақт дар масофаи сад метр аз назди тайёра то беруни фурудгоҳ ў сад долари амрикоӣ тақсим кард, ҳол он ки аз Маскав то Душанбе билети тайёра дусад доллар буд ва он чи ки имрўз ў бо кормандони қудратии кишвар баҳс мекунад ин ҳам натиҷаи анча ором шудани кишвар аст. Маҳз ҳамин оромӣ шохи чандин буқаю буқачаҳоро шикаст.
– Роҳҳо чӣ хеланд? – нохост хомўширо вайрон карда пурсид мўйсафед.
– Чӣ гўям?
– Росташро.
– Росташро бошад майлаш. Аслан рўзона ана ҳамин хеле, ки шумо худатон дидед бобо. Аз ду сар кормандони мақомоти қудратӣ дар куҷое, ки рў ба рў оянд, автомашинаро бозмедоранд, санҷиш мегузаронанд ва чойпулии хешро меситонанд.
Ва ҳамаи ин дарди ба хайр аст, чунки онҳое ки давлатро фиреб медиҳанд, мисли кирми шабчароғанд ва он рўз дур нест, ки сари хеш бихўранд.
– Шабона аз ин роҳҳо гузаштан хатарнок аст.
– Чӣ хел?
– Ҳарчанд то кунун дар ин роҳ ягон нохушиеро вонахўрдам, вале моҳи гузашта як ронандаи шиносамро силоҳбадастон зада, ду қабурғаашро шикстанду худашро рўйи роҳ партофта, автомашинаашро бо худ бурданд. Хайрият ҳамон шаб аз ин роҳ автомашинаи роҳгузаре гузашта ўро дидааст ва гирифта ба беморхонаи наздиктарин бурдааст.

пешина
аз 558
навбатӣ