Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳатто истода бахшиш напурсид. Бахшиш он тараф истад, ба тарафи онҳо нимнигоҳе ҳам накард. Чун санг хомўш омаду ба нишебӣ ғел зада рафт. Не, ў девона набуд. Девона ҳам ба кори хеш ҳушёр аст. Магар дар дунё каманд девонаҳо? Кӣ дидааст девонае ки худашро рўйирост таги автомашина партояд? Шояд чунин ҳодисаҳо ҳам бошанд, вале Тўйчӣ
Ҷалол дар умри бистуҳафтсолаи хеш то ҳоло вонахўрдааст.
Ҳоло чи бисёр шудааст террорист. Ҳамааш аз касофатии ҳамин киноҳои хориҷии бесару нуг. Яке ҳам худ ва ҳам атрофиёнро метарконаду ўро боз дар оинаи нилгун нишон медиҳанд. Барои сари нафаре ки ҳазорон хонаро вайрон кардааст, хуни ҳазорон нафарро рехтааст миллионҳо доллар ваъда медиҳанд. Магар беҳтар набуд, ки ҳамин миллионҳоро дар таълиму тарбияи насли наврас дурустар сарф намоянд? Аз ҳамин миллионҳо қисме барои ятимону бепарастон диҳанд. Ҳайрон мешавед, вақте мебинед, ки қисме аз ҷавонон ба нашъамандию нашъаҷалобӣ даст заданд, бо ин роҳ онҳо то куҷо мераванд, касе намедонад.
Кадом инсони ақли солим дошта худашро метарконад? Бало ба худаш, вале инсонҳои гирду атрофаш чи гуноҳ доранд? Ана, ҳамин маводи мухадир майнаи сари одамро барои анҷом додани корҳои зишт мутобиқ месозад…
Тўйчӣ Ҷалол бо ҳамин фикру хаёл дар роҳи пурпечу тоби кўҳӣ чанбараки автомашинаро тоб дода пеш мерафт.

… 4 ...

Автомашина чун деҳи аввалини таги ағбаро паси сар кард,
ду ҷавони силоҳбадасте сари роҳ баромаданд.
– Ана, сар шуд.
– Чӣ сар шуд? – ҳайрон шуда пурсид мўйсафед.
– Тергав.
– Ҳеҷ суханатро нафаҳмидам.
– Ҳозир мефаҳмед бобо,– гўён ронанда дар рў ба рўйи аскарон истод.
– Ҳуҷҷатҳоятонро диҳед,– амр намуд яке аз аскарон.
– Ҳуҷҷат ба шумо чӣ лозим? Милиса набошед.
– Гапа зиёд накун.
– Ҳуҷҷатро танҳо милиса ҳуқуқи санҷидан дорад.
– Чӣ мо ба гуфти худат ҳуқуқ надорем?

пешина
аз 558
навбатӣ