Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Вазифаи шумо дигар аст додар, хуб мешуд, ки уставро мехондед.
– Ҳамин гапро ба командири мо гуфта метавонӣ?
– Чаро не.
– Набошад биё фардо, пеши командир меравем.
– Чаро ман мерафтам, ё гуноҳе содир намудам?
– Албатта, гуноҳ содир намудед.
– Чӣ хел гуноҳ?
– Ҳуҷҷататонро нишон надодед. Ё мо дар ин ҷо бачаи ҷайраем?
– Ман ин хел нагуфтам, шумо аскари ҳукуматӣ ва хуб мешуд, ки шаъни хеш пос медоштед.
– Набошад ду литр солярка диҳед.
– Чӣ шумо талбандаед, о, аз он тараф вақти омадан барои чароғатон панҷ литр солярка додам– ку.
– Кай?
– Ду рўз пеш.
– Он рўз мо набудем.
– Фарқаш чӣ, шумо набудед дигарон буданд.
– Гапа бисёр накун, биё пеши командир рафтем,– амр намуд аскар, вале ронанда, ки ҳанўз муҳаррикро хомўш накарда буд, автомашинаро ба ҳаракат даровард ва аскарон аз тарси он ки мабодо зери чархи автомашина намонанд, худро қафо кашиданд.
– Инҳо соляркаро чӣ мекунанд?
– Мефурўшанд.
– Аскар солярка мефурўшад?
– Набошад чӣ? Ҳоло ҳама бизнесмен шудагӣ ва на аскарашро мефаҳмию на командирашро.
– Ё тавба. Дар замони Сталин мешуд, мепарронданд. Ман бо чашми худ дидам, ки баъди муҳосираи Берлин ду аскари советӣ, ки аз мурдаҳои немис соат ва дигар ашёҳои қимматбаҳо гирифта буданд, бо ҳукми трибунали ҳарбӣ ба муддати панҷ сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Баъдтар командир гуфт, ки хизмати он ду нафарро дар ҷанг ба инобат гирифтанд, вагарна…
– Барои ҳамин тартибу интизом буд, қонун амал мекард.
– Дар шаҳр ҳам ҳамин хел?
– Не, шаҳр хело тинҷ шудааст.

пешина
аз 558
навбатӣ