Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Набурад рагеро нахоҳад Худо зери лаб унгос зад мўйсафед ва ғайри ихтиёр боз яке аз қиссаҳои ҳазрати Сулаймонро ба ёд овард:
… Рўзе ҳазрати Азроил баъди айёдати ҳазрати Сулаймон аз ҳавлии ў берун омад. Соҳибхона (ҳазрати Сулаймон) ба ҳурмати меҳмон (ҳазрати Азроил) аз қафои ў барои гуселаш баромад.
Аз чи бошад, ки меҳмон ба яке аз хизматгорони соҳибхона назари бештаре кард ва соҳибхона пурсид, ки ҳазрат магар хизматгори ўро мешиносад.
Ҳазрати Азроил бо як тааҷҷуби беинтиҳое гуфт:
– Тавба, ин мард чаро то ҳоло ба Ҳиндустон нарафтааст?
– Ўро дар Ҳиндустон ягон хешу табор нест. Куҷо мерафтааст? – бо тааҷҷуби бештаре гуфт соҳибхона.
– Рафтани ў аз ману худат вобастагӣ надорад. Ин амри Оллоҳ таолост ва дар ҳамон ҷо риштаи умри ў гусаста мешавад ва ман бояд ҷонашро гирам,– гуфт меҳмон бо соҳибхона хайрухуш намуда…
Чун меҳмон рафт ва соҳибхона ба ҳавлӣ даромад, ҳамон хизматгор наздаш омад ва гуфт:
– Тақсир як ду ҳафта маро ҷавоб медодед?
– Чӣ ягон коратон ҳаст?
– Ҳа, ба Ҳиндустон рафтанам лозим камтар кор дорам.
Ҳазрати Сулаймон ба ў фотеҳа дод ва дар дил гуфт: кореро ки Оллоҳ таоло медонистааст, мо дар донистанаш оҷизем…
Шояд омадани Шодии ҷун ба Роғ ва канда шудани риштаи ҳаёташ дар деҳе, ки хуни нофаш рехта буд аз азал дар пешонааш навишта шуда будааст аз дил гузаронд мўйсафед ва хост аз автомашина фарояд, вале боз ғурураш баланди карду баҳри дарёфти ҳақиқат илтиҷоомез чашм ба ронандаи даступохурда дўхт…
Ронанда каме ором шуд магар, ки аз нав муҳаррикро ба кор даровард ва боз автомашина ба ҳаракат даромад.
– Бобо ба шаҳр меравам гўй? Магар ягон коратон ҳаст?
– Ҳа.
Ронанда фаҳмид, ки мўйсафед хоҳиши суҳбат надорад, бинобар ин хомўш шуд. Ҷавони маст, ки мўйсафед ўро девона пиндошт, дигар ба чашм наменамуд. Ў мисли санге рўйи роҳ баромад ва ва боз ба поён ғел зад. Бехабар аз он ки ҳам ҳаёти худ ва ҳам ҳаёти шахсони дар автомашина нишастаро ба зери хатар гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор