Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Героин?
– Ба хаёлам ҳамин хел ном дорад.
– Намедонам. Ў яку якбора мисли оне ки санг аз кўҳ меафтад рўйи роҳ баромад,– гуфт ронанда ва Худо барояш умри дубора ато кард.
– Чаро истодаем?
– Бовар кунед бобо, тарсидам.
– Тарс ҳам аз як гўшаи имон аст бачам. Хуб аст, ки ҷавони маст низ бо амри худованд зинда монд, чунки таноби умраш боқӣ будааст. Ва агар риштаи умри ў ба поён расидагӣ мебуд аз ду сар автомашина ўро зер мекард.
Мўйсафед ҳамин лаҳза ба ёд овард, ки чи хел ҷигарбандаш Шодӣ, ки шояд риштаи умраш ба поён расида буд, дар ҳамон рўзҳои хавфнок ҷойи кор, хонаву дари обод ва зану фарзандашро партофта, ба дами бало, ба Роғ омад ва баъди ду ҳафта аз дасти бародарони ҳамзабонаш, ки бо онҳо ҳамақида шуда натавонист, кушта шуд.
Мўйсафед дар куҷое хонда ва ё шояд шунида буд, ки рўзе Оллоҳ таоло ҳазрати Азроилро назди хеш хонд ва рабурдани ҷони бандагонашро ба дўши ў вогузоштанӣ шуд. Сараввал ҳазрати Азроил аз ин кор саркашӣ кард ва чанд баҳонае пеш овард, чунки намехост бандагони Худо аз ў домонгир шаванд.
Оллоҳ таоло ин рафтори ҳазрати Азроилро напазируфт ва гуфт, ки шумо ҳамин корро ба дўш гиред, ман корро тарзе ташкил мекунам, ки ҳеҷ яке аз бандагонам аз шумо домангир нашавад.
– Чӣ хел? – пурсид ҳазрати Азроил.
– Ин ҳамааш аз азал дар пешонаи бандаи ман навишта шудагӣ. Насиби яке ба об, дигаре ба ҷар савуми ба оташ ва ҳоказо.
Ҳазрати Азроил дигар бо Парвардигори оламиён баҳс накард…
Ҳангоми баҳси оншаба писараш уро бовар кунонд, ки…

…Агар теғи олам биҷунбад зи ҷо,
Набурад рагеро нахоҳад Худо.

пешина
аз 558
навбатӣ