Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун мардум аз асли воқеа хабардор гаштанд ҳайҳуйи зиёде бардоштанӣ шуданд, вале худи мўйсафед намонд. Гуфт офтобро бо доман пўшида намешавад ва рўзе ҳақ ба ҳақдор мерасад.
Ҳаволаи бад ба Худо гуфт ў аз саҳни мактаб дур шуда. истода ва замоне дид ки мардум низ аз қафои ў саҳни мактабро тарк карда. Дигар чи шуду чи не намедонад. Ба хона омад ва дар танҳоӣ ба ёди ҷигарбандаш, ки садҳо нафар ҷавононро аз роҳи бад гардонида, худ қурбони дасисабозиҳо гардид, ашк рехт.
Ашк барои он рехт, ки то кунун бесаводу тирамағзон, ки баҳри нигоҳ доштани курсӣ мансаб чун аломати савол назди ҳар касу нокас дуқат мешаванд ба мақсадҳои нопок ва зишти хеш расида истодаанд. Дишаб мўйсафед азм кард, ки ба назди роҳбарияти ҷумҳурӣ рафта, ҳамаи фисқу фасоди роҳбарияти маҳалро ошкор месозад, бехабар аз он ки «тадбир ба тақдири худованд намонад»…

…3…

– Инро бин аз ҷонаш сер шудааст, – гўён ронанда тормозро пахш кард.
Аз исти ногаҳонии автомашина мўйсафед мувозинаташро гум карда, қариб сараш ба шишаи тирезаи автомашина бархўрда буд. Ў ба тарафи ронанда, ки мисли ҳайкал сари чанбарак ноҷунбон меистод нигариста гуфт.
– Чӣ гап шуд?
– Қариб буд, ки нафареро зер намоям.
– Эй Худо нигоҳ дорад. Киро? Вай дар куҷо?
– Ҳо ана, ба тарафи деҳа рафта истодааст– ку.
Мўйсафед хело ба тарафи нишондоди ронанда зеҳн монд ва ниҳоят шахсеро дида гуфт:
– О вай хонасалот калавида истодааст– ку? Шояд маст будагист?
– Кӣ медонад вай маст аст ё девона.
– Худо раҳми ҳар бандаи муъминро хўрад бачам. Дар таги осмони Худо ба ҳама ҷой мерасад. Ба маст ҳам, ба девона ҳам.
Шояд вай, аз вай… чи буд номаш дар гўр равад, кашида бошад?
– Банг?
– Не, аз вай ҳам зўртараш ҳаст– ку.

пешина
аз 558
навбатӣ