Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Роҳи ағба дар ҳама ҳолат хатарнок аст, аммо ҳар кас, ки боре бо автомашина аз ағбаи кўҳӣ, чун ағбаҳои Анзобу Шаҳристон, Хобу Руботу Оқбайтал гузашта бошад, фарқи баромадан ва фаромадани ағбаро дарк мекунад. Тўйчӣ Ҷалол низ тайи ду соли охир дар ин роҳҳои пурпечутоб чандин тори мўйи сари хешро сафед кард ва боварӣ дорад, ки фаромадани ағба барои автомашинаи пурбори «Камаз» аз баромаданаш душвортар аст. Аз ин рў ҳушу ёдатро ба роҳ надеҳу қандата хўр…
Гул Набӣ як ба тарафи ронанда нигарист ва чун фаҳмид, ки тамоми ҳушу ёдаш ба роҳ аст, мақсади сафари хешро ба ёд оварда, байни андешаҳои пурдарду алами худ ғутта зад.
Соли гузашта тамоми мардуми Роғ бо муроҷиатнома аз ҳукумати маҳал талаб намуданд, ки мактаби деҳаи Роғ ба номи хатмкардаи ҳамин мактаб, номзади фанҳои фалсафа Шодӣ Гул, ки баҳри ҳимояи мардуми диёр дар солҳои ҷанги бародаркуш ҷони хеш нисор кардааст, гузошта шавад.
Чун ситораи Гул Набӣ бо роҳбарияти маҳалу ноҳия рост наомад ва онҳо муроҷиатномаи мардумро ба эътибор нагирифта, бо маслиҳату машварати худ фарзанди дигари ҳамин деҳа, ки замоне силоҳ ба даст буду ҳатто дар куштори Шодӣ Гул гумонбар ва ҳангоми задухурдҳо аз снаряди «Катюша» ба ҳалокат расид ва падараш яке аз балегўёни роҳбарияти маҳал ба ҳисоб мерафт, Икроми Қаландарро пешниҳод намуданд. Яъне ба ҳукумати маҳал муяссар шуд, ки аз ҷинояткор қаҳрамон тарошанд ва то имрўз онҳо аз уҳдаи ин кор ба хубӣ баромаданд.
Бо ин амал онҳо бо як тир ду нишон заданд. Аввал ин зарбае буд ба Гул Набӣ, ки ҳамеша ҳақиқат меҷуст. Ва онҳо собит намуданд, ки ба ҳама ҳақиқат туф намуданд. Дуюм ба мардум бо ин васила фаҳмонданд, ки шўхӣ накун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб.
Дирўз мактаби деҳро ба номи қотили писари ў (ҳарчанд ин корро мақомоти тафтишотӣ собит карда натавонистанд, чунки нахостанд, ки муносибати хешро бо ҳокимони маҳал бад намоянд ва агар мехостанд ин амал мисли ду карат ду буд, вале…) гузоштанд ва гумон карданд ки Гули Набиро руҳан шикаст доданд.

пешина
аз 558
навбатӣ