Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Маҳз ҳамин беадолати, дурўягӣ, бевиҷдонӣ ва тамаъкории роҳбарони ноҳияву ҷамоат ва мактаби Роғ ўро маҷбур кард, ки ба ҷустуҷўйи ҳақиқат барояд.
Дишаб кампираш аз мақсади сафар огоҳ гашта, ўро аз роҳ гардонданӣ шуд.
– Дилам хун аст, рафтанам даркор,– гуфт Гул Набӣ.
– Ҳаволаи бад ба Худо. Гумон дорӣ касе дар шаҳр ба додат мерасад?
– Албатта.
– Хато мекунӣ мардак. Ҳақиқат ҷуста чӣ шудӣ? Танҳо ба сари худамон бало овардӣ. Андеша намо. Ба калонҳои ин маҳал шухӣ кардан баробари бо думи шер бозӣ кардан аст.
Овозаашон то қофу қайсар рафтагӣ.
– Кӣ гуфт?
– Зани директори мактаб. Ў дирўз маро дар сари чашма дида гуфт, ки мансаб ҳам косаи давр аст ва он чи ки мўйсафедат бо калонҳо даст ба гиребон мешавад, бар зарари худи ўст.
– Худи хушомадгўйи Бахтаки калонӣ кам буд, ки занаш ҳам ба ҳимояи калонҳо дасту остин барзадааст.
– Охир аз нисф зиёди мардуми Роғ аз авлоди Зарифи ҷандапўшанд ва имрўзҳо давр даври ҳамонҳост. Касе мақсади депутатшавӣ ҳам дошта бошад, маҳз бо ҳамин авлод гапашро мепазонад.
– Нокасанд онҳо. Зулфиқорашон ҳам замоне пуф пуфи одами хокӣ мегуфт ва дидӣ ки чӣ шуд?
– Нокасанд ё не, вале бо Қаландари Фаттоҳ дўстанд ва онҳоро дар ҳама кор мепурсанд…
Мўйсафед боз ба асояш такя намуд. Мурғи хаёлоташ ба дуриҳои дур парвоз кард…
Дар яке аз шомҳои охири моҳи декабри соли 1992 номзади фанҳои фалсафа, устоди яке аз донишгоҳҳои бонуфузи пойтахт Шодӣ Гул ба айёдати падару модар омад. Омадани ўро дар ин чиллаи зимистон мардум ҳар хел шарҳу эзоҳ медоданд. Қисме дар он ақида буданд, ки доираи муаллимро дар шаҳр аз рўйи тақсимоти ҷуғрофӣ танг намуданд ва ў аз шаҳр фирор намудааст.
Бархе аз мардуми Роғ ташрифи муаллимро дар ин чиллаи зимистон барои ба арсаи сиёсат баромаданаш шарҳу эзоҳ медоданд. Яъне мардум бубинед дар чунин рўзи душвор, ки шумо дар блокадаи иқтисодӣ ҳастед, ман ҷойи кор, хонаву дар ва зану фарзандонамро партофта, ба назди шумо омадам, то ки ба дарду ғаматон шарик бошам, зеро хуни нофам дар ҳамин Роғ рехта ва агар рафту ҳодисае ҳам ба сарам ояд, манзили охиратам ҳам бояд ҳамин ҷо шавад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор