Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Рейтинги аксари сиёсатмадорони дунё маҳз дар чунин лаҳзаҳои душвор баланд шудагӣ ва Шодӣ бачаи Гул ҳам анои не. – Аз мор морбача мерўяд,– мегуфтанд, онҳое ки аслан Гул Набӣ падари Шодиро чашми дидан надоштанд. Ва маҳз ин суханонро мансабдорони деҳ мегуфтанд. Онҳое мегуфтанд, ки аз суханони сермурчу қаламфури Гул Набӣ, ки саропо ҳақиқат буданд метарсиданд, чунки ҳақиқат талх аст ва шуниданаш аз он талхтар…
Гурўҳе ташрифи Шодӣ Гулро ҳамчун ташрифи разведчики ҳукумат ба Роғ барои омўхта гирифтани авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ маънидод мекарданд. Шаби аввали ба Роғ омаданаш касе ҳақиқати ҳолро нафаҳмид. Чун ҳақу ҳамсояҳо, ки барои дидорбинии Шодӣ омада буданду ба хонаҳояшон рафтанд, кампиру мўйсафед ҳамроҳи писарашон то посе аз шаб гузаштан суҳбат намуданд. Мўйсафед аз мақсади ба Роғ омадани писар огоҳ шуда, ба андеша фурў рафт…
– Мардак хобат бурд– чӣ? – ниҳоят гулу равшан карда гуфт кампири Анор – модари Шодӣ.
– Вазъият нотинҷ бачам, биё аз райъат гард, – гуфт мўйсафед.
– Чӣ хел аз райъам гардам? О, дар ҳамин шароити душвор аз дигар мамлакат омада, бачаҳои роҳгумзадаи моро ки ҳама яроқбадаст шуданд насиҳат намоянду...
– Бачаҳои мо аслан роҳгумзада нестанд, – эътироз кард мўйсафед.
– Чӣ хел?
– Ба ту чӣ хел фаҳмонам. Ҳоло ҳамаи дузду роҳзан машваратчию маслиҳатчӣ шудагӣ ва ба гумон аст, ки касе ба фалсафаи худат бовар намояд.
– О, наход кас ба дузду роҳзан ҳам гўш диҳад.
– Замона ҳамин хел шудагӣ, бачам. Бубин душманони миллат чи тавр мардуми зудбовари моро дар майдонҳо муқобили ҳам гирд оварданд, пас аз ин бачаҳое, ки аз даҳанашон бўйи шир меояд, чӣ бую умед. Охир агар ақли солимро кор мефармуданд, мардум метавонистанд, ки се моҳ гирдиҳамоӣ ташкил карда, ба муқобили ҳамдигар ташвиқот баранд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор