Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Такя бар авлоди Зарифи ҷандапўш ин буғи кардани ҳақиқат ва бастани забони ҳақталошон бо роҳи овоздиҳи ва ҳатто дар интихобот боиси ғолиб омадани нафари мансаб талаби бесавод мегардид. Барои ин меҳнати зиёде ҳам лозим нест. Муҳим он аст, ки минбаъд дар сари мансаб мондани Бахтаки калонӣ ва авлоди ўро ки чоряк аср мактабро ба иҷора гирифтаанд, ҳифз намоӣ…
Дар самти ғарб аллакай баҳор аз омад-омади хеш дарак дода буд, вале дар Шарқ, дар он самте, ки мўйсафед ба тарафи роҳи калон ҳаракат дошт, сари қуллаҳо барфпўш буд. Чӣ асроре? Ҳарчанд худи табиат бо ин амали хеш ба мо мефаҳмонад, вале мо аз ин асрор чашм мепўшем. Бубин, хуршедро, аввалин нурҳои хеш ба дуриҳо мефиристад ва сипас он нурҳо паҳн шуда, ба самти ҳаракати ў яъне Шарқ меоянд. Одамӣ чӣ? Чун ба сари қудрат омад дар гирду атрофаш хешу ақрабо ва хушомадгўёнашро гирд меорад, то курсии мансабашро аз боду тўфонҳои ҳақиқат ҳифз намоянд.
Дар замони Ҳукумати Советӣ мардум мекўшиданд, ки дар соҳаи савдо кор ёбанд. Дар замони ҳозира бошад баҳри рўзгузаронӣ аз мактаб ҷойи беҳтаре нест, чунки ҳамаи маводҳои башардўстона, ки ройгон барои мактаббачагон меоянд, коми аждаҳомонанди роҳбарони мактабҳоро ширин месозанд. Авлоди Зарифи ҷандапўшро ҳам ҳамин ёрии башардўстона соҳиби нону ном кард. Акнун онҳо ҳам соҳиби дастархон шуданд ва боз калоншинос ҳам гаштанд. Агар ин хел намебуд магар маслиҳатчию машваратчии раиси ҷамоату ноҳия мегаштанд? Рост гуфтаанд, ки дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад ва калонҳои Роғ ҳам ба воситаи Қаландари Фаттоҳ авлоди Зарифи ҷандапўшро шинохтанд.
Мўйсафед аз чор се ҳиссаи роҳро паймуда буд, вале маҳз ҳамин ҳиссае, ки ба рўйи роҳ мебаромад, рафтанашро душвортар мекард. Сари ҳар сад – дусад қадам бемадор шуда, ба асояш такя мекард. Дар чунин лаҳзаҳо фикрҳои мухталифе ўро дунболгир мешуданд. Аслан ў ин субҳ ба мақсади дарёфти ҳақиқат аз хонааш берун шуд. Моҳе пештар овоза шуд, ки бояд мактаби Роғро ба номи фарзанди ў Шодӣ гузоранд, вале кор баръакс шуду мактабро ба номи қотили писараш Икроми Қаландар гузоштанд.

пешина
аз 558
навбатӣ