Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

САНГҲОИ

САРИ РОҲ

РОМАН
Худо ба бедаст дасту ба кулбуз шох надиҳад.
Мақоли тоҷикӣ

Ҳеҷ кас аз доираи қонун баромадан эмин нест.
Мақоли русӣ

Мўйсафед асояшро ба замин халонида қоматашро рост карданӣ шуд, вале натавонист. Даст ба камараш бурда оҳи бадард кашид. Бори зиндагӣ миёнашро шикастааст. Замоне қоматаш мисли алиф рост буд ва мардум баъзан ўро аломати хитоб мегуфтанд. Шояд чунин гуфтани мардум маънии дигар ҳам дошт. Охир вай дар Роғ ҳамеша дар ҳимояи бечораву бенаво буд ва гўё Худо ўро ба рағми авлоди Зарифи ҷандапўш офарида бошад.
«Аҷаб замонҳое шуд? Чӣ рўзҳоеро дидем! Ҳама дузду роҳзан хушомадгўю косалес имрўз мушт ба сина зада ман мегўянд.
Рост гуфтаанд, ки Худо ба бедаст даст, ба калбуз шох надиҳад.
Чи хуш, ки авлоди Зарифи ҷандапўш саводи қофӣ надоранд, вагарна мардуми Роғро болои як ангушташон бозӣ медоронанд», – аз дил гузаронид мўйсафед.
Ў писари Зарифи ҷандапўш, Зулфиқорро ки як мурчал аз ў калон буд, ба ёд овард… Оҳ, чӣ қадар мардони бегуноҳ аз дасти ин комсомоли батрак дар ҳабсхонаҳо ва ҷангалҳои Сибир ҷон доданд. Хайрият, дар охир симои аслии Зулфиқор рўйи об баромаду ҷазои хеш гирифт…
Қомати чун аломати саволашро ба бори асо партофта, чашмони камнурашро ба самти офтоббаро дўхт. Аз паси қуллаҳои сарбафалак кашида, хуршеди оламтоб нурҳои худро ба дуриҳои дур равона карда буд. Нурҳои аввалини хуршед на дар қуллаи рў ба рў, балки дар қуллаи муқобил, ки дар самти офтобнишин воқеъ гардида буданд афтида, акнун нияти ба самти деҳа паҳншавӣ дошт. Аллакай дар сари қуллаҳои муқобил офтоб ба қади як найза баланд шуда буд. Мўйсафед, ки дар такя бо асояш чун аломати савол менамуд, хастагиро ҳис кард магар, ки қомати хеш аз бори асо бардошта, ба аломати хитоб монанд шуд. Охир ў ҳамеша нисбат ба авлоди Зарифи ҷандапўш, ки назди ҳар касу нокас чун аломати савол дуқат шуда, хушомад мезаданд нафрат дошт. Агар касе аз марказ ва ё ноҳия ба Роғ биёяд, ҳатман пеш аз вохўрӣ бо мардум бо намояндаи калони ин авлод, ки ўро мардум Бахтаки калонӣ мегўянд вохўрда масъаларо мепазонд.

пешина
аз 558
навбатӣ