Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Милиса бар он ақида аст, ки то дастгир намудани Ҳотам Илёс рўзҳои ба шумор мондааст.
– Пас шумо медонед, ки вай дар куҷост?
– Аниқ– ку, не вале баъзе маълумотҳоро аз нигоҳи объектив кор карда истодаем.
– Ба ҳалли мусбии он нигоҳи объектив боварӣ доред?
– Чӣ илоҷ милиса ба ҳама чиз бовар мекунад. Бори дигар барои иштирокатон дар ин маҳфил ташаккур мегўям. ..
... 61 …
Занги дар оҳиста садо дод ва лаҳзае пас шахси дар берун буда се маротиба ба дар ангушти кўтоҳе зад: тук, тук, тук…
Шахси дар дохил буда калидро ба қулф ҷо намуда, онро тоб дода дарро ба тарафи берун тела дод. Дар рў ба рўи вай соҳибхона меистод…
– Хуш, корҳо чӣ хел?– пурсид вай ва дарро пўшида палтои соҳибхонаро ба либосовезаки пушти дар овезон кард.
– То ҳанўз натиҷае нест.
– Сабабашро нагуфтанд?
– Дўсти шумо гуфтааст, ки ягон илоҷиаш нест.
– Чӣ хел илоҷаш нест?
– Ман аз куҷо донам.
– Майлаш, фардо ягон илоҷ мекунам, – гўён вай ба ҳуҷра гузашт. Мехост дар танҳоӣ вазъи ба амал омадаро дар тарозуи ақл баркашад. Даҳ шабонарўз аст, ки ў дар авҷи осмон, дар қабати ҳаштуми бинои дувоздаҳошёна зиндагӣ дорад. Ҳамон бегоҳе, ки ҷузвдони чарминро бо он дафтари сиёҳ зери палтояш гирифта бинои милисаро тарк намуд, сараввал ба хонааш омад.
Чун ҳама аҳли оила дар сари дастурхони шомгоҳӣ буданд, лаҳзае бо аҳли байт нишаста хўрок хўрд ва гуфт, ки ба сафари хизматӣ рафтанаш лозим. Сипас, ба хонаи дигар даромада сумкаи сафариашро бо ашёҳои зарурӣ пур кард. Аз байни куллиёти сиҷилдаи Диккенс чанд қоғазеро ки сурати Президенти Амрико Линколн зеб медод, гирифта ба ҷайб зад. Чун омодаи сафар шуд Шаҳноза ва Камолро сахт ба оғўш гирифт. Бо ҳамсараш дар назди фарзандон хайрухуш намуданро эб надид магар ки гуфт:
– Очаи Камол маро то берун гусел намоед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо