Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ороста аз болои пероҳани хонагиаш палтояшро ба бар карда, аз қафои шавҳар баромад. Онҳо аз паҳлуи бино гузашта, дар зери дарахте, ки дар рўшнои чароғи барқӣ пеши биноро баръало дидан мумкин буд, истоданд.
– Чаро дар ин ҷо истодаем? – хавотир шуда пурсид зан.
– Бо ту як сухан гуфтанӣ будам.
– Магар ҳамон як суханатро дар хона гуфта намета– вонистӣ?
– На дар хона ва ба фикрам на дар ин ҷо.
– Исто, ки…
– Бале, маро имрўз не фардо аз ду сар дастгир мекунанд.
– Барои чӣ?
– Ёд дорӣ соле пештар ман ба хона кам не, ғам не яксаду панҷоҳ ҳазор доллар оварда будам.
– О дигар, ки исбот карда метавонад, ки ба худат чунин миқдори пул додааст, ба замми ин мо зиндагии фақиронае дорем.
– Ин ҳамааш дар мадди аввал, чун маро дастгир намоянд, чунон дову даранг бархезад, ки…
– Ман худатро нафаҳмида истодаам, дадои Шаҳноз.
– Ҳар қадар камтар донӣ ҳамон қадар беҳтар аст, ман интизор шуда наметавонам, ки кай омада дар назди зану фарзандонам ба дастонам, кишан зада мебаранд. Кӣ медонист кор чунин ранг мегирад, вагарна ман имконияти пурраи гирифтани як шиносномаи хориҷии қалбакиро низ доштам, чун ҳамин амалро иҷро накардам, ба ҷуз худат дигар сирри дили хешро ба касе ифшо карда наметавонам. Маро аз ҷумҳурӣ баромаданам лозим, фардо ба ҷойи корат бо дасти Гулноз номи ҳамон нафареро мефиристам, ки ту ба ў бояд дар масъалаи шиносномаи хориҷӣ муроҷиат намоӣ.
– Кадом Гулноз?
– Гулнози дугонаи Адолат.
– Чӣ туро бо ў мепайвандад?
– Дилатро дур набар, ҳеҷ чиз. Дар ёдат бошад соле пештар ман якаписари ўро аз ҳамиштироки дар ҷиноят раҳо намудам.
– Ба хотири Адолат?
– Чӣ фарқ дорад, акнун ман ба ҷуз Гулноз дигар ба касе боварӣ надорам.
– Ба ман ҳам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо