Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ тавр вай то кунун ҷумҳуриро тарк накардааст, о аз байн аллакай даҳ -дувоздаҳ шабонарўз гузашт, каме ором шуда пурсид прокурор.
– Ҳамин хел оддӣ. Сараввал ин ки барои ба хориҷи кишвар рафтан шиносномаи хориҷӣ доштан лозим ва мо итиллои расмӣ дорем, ки Ҳотам Илёс чунин шиноснома надорад. Дуюм ин ки бо амри вазири корҳои дохилӣ тамоми милисаи кишвар аз фирори Ҳотам Илёс хабардор аст ва шуъбаҳои раводиди шиносномадиҳӣ бо расми ҳозираи вай муҷҷаҳаз. Аз ҳамин лиҳоз бо боварӣ метавон гуфт, ки ў бо номи дигар кас ҳам чунин шиноснома гирифта наметавонад. Сеюм ин ки телефонҳои ў дар зери назоратанд ва аз он чи ки вай тайи ин муддат ба даҳон об гирифтаву хомўш аст ин кори муваққатист. Аз ду сар дер ё зуд ҷойи пинҳоншавии вай ошкор хоҳад шуд. Манзили истиқоматии вай ва додарарўсаш Шерзамони Баҳром дар зери назорати техникӣ қарор дорад ва ҳар кӣ пой бар ин ду остона гузорад, аз чашми ниҳони объектив дур намонад.
Чорум тамоми аппарати ҷустуҷўи милиса бо расми собиқ полковник Ҳотам Илёс муҷаҳҳаз аст ва онҳо дар навбати хеш гўшу чашми хешро дар минтақаҳои хизматиашон доранд.
– Додарарўсаш Шерзамони Баҳром як қасри кори калон сохта истодааст, оё шумо гуфта метавонед, ки бо он додугирифти вай чунин қаср сохтан мумкин аст? Ҳарчанд ў соҳибкор аст,– гуфт Асад Ғанӣ.
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале чун Ҳотам Илёс ба даст афтад ин тарафи масъала ҳам ҷавоби хешро хоҳад ёфт.
– Яъне бузак- бузак намур, ки баҳор мешавад…
– Асад Ғаниевич ба кору зиндагӣ бо чашми ҷаҳонбин нигаристан беҳтар мебуд.
– Ба фикри шумо ман худбинам?
– Ҳарчанд мо чунин ақида надорем, вале дилшикастагии шумо моро ба ташвиш овардааст,– гуфт Ҳамид Ҷовид, ки ҳанўз сари миз рост меистод.
– Ба сари ман чормағз шикаста истодаанд, шуморо чӣ парвоест!
– Ғаниевич касе ҳам сари моро сила намекунад, вале мо бо назари нек ба оянда нигоҳ дорем.
– Чӣ хел назари нек?

пешина
аз 558
навбатӣ