Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҷойи он ки шумо як роҳу равиши корро ба мо нишон диҳед, баръакс дар байни мо низоъ ангехтан мехоҳед…
– Фаромўш накунед, ки шумо бо кӣ баҳс оғоз намудаед!
– Маро ҷойи тарсе нест, вале шумо ҳам аз ёд набароред, ки дар назди шумо на гумонбаршудагону ҷинояткорон, балки кормандони як коллективи бузург истодаанд ва муфаттиши прокуратура худаш довар аст, ки ҳамаи ҳамин мардони дар ин ҷо нишаста баҳри кушодани чунин як ҷинояти мудҳиш чӣ ҷонбозиҳое накардаанд…
Сорбони Ҳомид боз чизе гуфтан мехост, вале сардори ШКД аз ҷой бархост ва нотиқ хомўш шуд.
– Муҳтарам прокурор, беҳтар мешуд, ки то дастгир намудани Ҳотам Илёс эҳсосоти хешро каме фурў менишондед, – риштаи суханро боз ба даст гирифта гуфт Ҳамид Ҷовид. Мо бори аввал бо ҷинояткорон сару кор надорем ва чунин ҳодисаҳоро ҳам на як бору ду бор дидаем. Аз он чи ки Ҳотам Илёс фирор кард, касе гунаҳкор нест, чунки касе бо ў на ҳамқадаҳ буду на ҳаммаром. Чун ўро дастгир намоянд, об ба лаби ҷў баробар хоҳад шуд ва он гоҳ ҷинояткор ҳарчанд мо то кунун ҳуқуқи чунин суханро дар нисбати Ҳотам Илёс гуфтан надорем, вале банда аз тафтишот пинҳон шудани вайро ба ҷуз дараҷаи гуноҳаш дигар чизе наметавонам гуфт, асрори ниҳони хеш боз хоҳад кард. Дар он сурат вой бар ҳоли оне, ки сирри идораи хеш фурўхтааст… ин дар шакли умум, вале дар шакли конкретӣ бошад чӣ хеле ки капитани милиса Сорбони Ҳомид иброз намуд, касе аз ҳамин гурўҳи дар ин ҷо буда, бо Ҳотам Илёс робита надошт ва надорад… Беҳтар мешуд, ки то дастгир намудани вай ҳамин кинаю надоматро нисбат ба якдигар ба гўшаи фаромўшӣ медодем ва аз пайи дастгир кардани Ҳотам Илёс мешудем...
Чун касе аз аҳли нишаст, аз ҷумла прокурор Асад Ғанӣ ҳам сухане ба забон наоварданд, Ҳамид Ҷовид нутқи хешро давом дода гуфт:
– Ба гумон аст, ки Ҳотам Илёс ҷумҳуриро тарк карда бошад, маҳз ҳамин ҳолат як умедеро дар дили ҳар яки мо бояд бедор намояд ва мо бояд кўшиш ба харҷ диҳем, ки вайро ҳарчи тезтар дастгир намоем.

пешина
аз 558
навбатӣ