Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар муддате ки ман бо милиса сару кор дорам аз онҳо бисёр ҳолатҳои некро омўхтаам ва мо то дастгир намудани худи гунаҳкори асосӣ Ҳотам Илёс набояд ба чунин эҳсосоти бемаънӣ роҳ диҳем.
– Фаромўш накунед, ки вай ҳам милиса буд, милисаи калон.
– Шумо ҳам аз ёд набароред, ки бузро бо пойи худ меовезанду бузғоларо бо пойи худ…
– Пас намегўед, ки чи тавр ҳамагӣ соате пеш аз ташрифи мо Ҳотам Илёс аз манзили истиқоматиаш бадар рафт ва дигар тайи зиёда аз даҳ рўз ёди кулбаи хеш накард…
– Ин гуноҳи худи мост, чунки қувваю қобилияти рақибро ба инобат нагирифтем.
– Гуноҳи мо нею гуноҳи ман мегуфти беҳтар буд. Шахсан шумо ҳамроҳи Ҳотам Илёс бояд аз рўйи мақолаҳои он худозада чӣ буд номаш?
– Маъруф Остон.
– Ҳа, Маъруф Остон бояд амалиёти тафтишотӣ мегузаронидед. Гузаронидани амалиёт он тараф истад то ҷое, ки ман иттилоъ дорам шумо ҳатто рангу раҳмати Ҳотам Илёсро надидед ё гапам нодуруст – мӣ?
– Гапатон дуруст, вале ман ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наовардам, ки Ҳотам Илёс дар чунин як ҷинояти печ дар пече даст дорад. Чун мо аз ҳамиштирокӣ ва даст доштани вай дар ҷиноятҳо огоҳӣ ёфтем, баҳри дастгир намудани ў далелҳои гирдовардашударо кофӣ нашумурдем…
– Дар ин байн кадоме аз «дўстони» дар ин ҷо ҳузурдоштаи мо вайро аз мақсаду мароми тафтишот огоҳ намуд, – гуфт Асад Ғанӣ.
– Шумо чиҳо гуфта истодаед, кӣ ба шумо ҳуқуқ дод бе ягон далел моро таҳқир намоед,– аз ҷойи бархоста эътироз намуд Сорбони Ҳомид.
– Ман сарназоратчии қонунам ва чӣ гуфтанамро медонам.
– Сарназоратчии қонун буданатонро мо медонем, вале мо итминони комил дорем, ки шумо ягон далеле нисбат ба милиса дар даст надоред. Шахсан ман ба ҳамаи ҳамин аҳли нишаст боварии комил дорам ва метавонам гўям, ки бо ҳар кадоме аз инҳо бе ягон дудилагӣ дар лаҳзаи зарурӣ ба разведка мерафтам.

пешина
аз 558
навбатӣ