Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҷав киштӣ интизори дарави гандум машав,– нидо омад аз қалбаш.
Ҳотам Илёс аз нав тамоку даргиронда ба сари мизи кориаш баргашт ва хокистарқуттиро ба гўшаи миз наздиктар оварда, ҷисми абгори хешро ба курсии мулоим гирифт…
… Тирамоҳи соли 1996 гурўҳҳои мухолифин мақоми хешро дар водии Сангвор хело устувор намуда буданд. Чун бо роҳи гуфтушунид масъалаи мазкур ҳали хешро наёфт, аз тамоми ҷузъу томҳои мақомотҳои қудратӣ гурўҳи махсусе дар ҳайати як баталён ташкил намуда, ба минтақаи номбурда фиристоданд. Дар ҳайати баталёни мазкур подполковник Ҳотам Илёс аз милиса ва капитан Муродов Барот Сангович аз раёсати қушунҳои сарҳадӣ низ шомил буданд.
Ҳангоми яке аз амалётҳои шабона Муродов ярадор шуда то омадани ёрии таъҷилӣ бо зиндагӣ падруд гуфт. Аслан ў аз дасти мухолифин ярадор шуд, вале ҳампаҳлуи ў Ҳотам Илёс тапончаашро, ки тамғаи Макаров буд ноайён аз худ кард…
Дар он солҳо саг соҳибашро намеёфт, ҳамаро ба гардани тарафи мухолифин бор намуданд. Моҳе пас Ҳотам Илёс бо сари баланд чун фотеҳ аз Сангвор ба шаҳр баргашт ва овардани тапончаи пинҳоннамудаашро низ аз хотир набаровард…
Чун зарурияте пеш омад ў ёварашро бо ҳамон ПМ ГВ 1368 барориши соли 1988 муҷҷаҳаз намуд ва баъди даҳ сол тапончаи мазкур шаби 8–ум ба 9–уми декабр садо дод, ки акси он то кунун дар гўши милисаҳо садо дораду садо…
На танҳо дар гўши милисаҳо, дар гўши онҳое, ки он асрори ниҳонро боз карданианд, балки дар гўши худи ў, дар гўши оне ки тапончаи ҳамнабардашро ба умеди рўзи фардо пинҳон кард…
Аслан кирдораш боиси изтироб ҳам буд, чунки маҳз ҳамин тапонча ўро ба Насим, Насимро бо Маъруф Остон мепайваст ва чун мўйро аз хамир ҷудо намоянд, хоҳанд фаҳмид, ки дар он амалёти Сангвор ў паҳлуи Муродов Барот дар набард будааст…
Дуди тамоку ҳам акнун катакчаҳои майнаи ба шўр омадаашро таскин набахшиданд, ки набахшиданд ва боз он занги телефонии хеш бо Вайс Тошмат ва ҷавобҳои бесару нуги ў чун офтоби ба ғуруб рафтаистода рўйи саҳна омаданд…

пешина
аз 558
навбатӣ