Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Аз он ки сардухтур ба занги телефонии вай ҷавоб надод, ин ҳанўз нишонае аз шикасти «дўстии» онҳо набуд, чунки рафту ў агар дар сари қудрат мемонд Вайс Тошмат худаш чорхез зада дастҳо пеши бар ба таъзимаш меомад. Гап умуман, дар дигар тарафи масъала буд, чун ў аз дигар телефон занг зад сардухтури поликлиника ҳамоно гўшакро бардошт, зеро гумон накард, ки нисбат ба вай Ҳотам Илёс айёртар аст. Маҳз ҳамин амал ба сардухтур он қадар таъсир кард, ки сараввал гўё вайро нашинохт ва оқибат забонаш печид. Ва он забоне ки гоҳо аз хушгуфториаш морро аз лонааш бурун меовард дар як суҳбати кўтоҳи телефонии панҷ маротиба шикасту полковники милиса ба хулосае омад, ки киштии ў дигар қобилияти шино намудан надорад ва сардухтури поликлиника аввалин курмўшест, ки саҳни киштии рў ба таназул овардаро тарк намуда…
Кишти шикастагонем эй боди шурта бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро…
пораеро аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ ба ёд оварда, зери лаб замзама намуд вай ва сигори кайҳо сўхта хокистаршудаашро ба хокистардон партофта, ба курсии мулоим такя намуда чашмонашро пўшид…
... 58 …
Тайи даҳ дақиқаи баъди гусели рўзноманигор касе хомўшии ба вуқўъ омадаро халалдор накард. Рафту агар тобистон мешуд, дар ин муддат пашшаҳои шилқин ба торҳои асаби аҳли нишаст хело нохун мезаданд… Ҳамагӣ даҳ дақиқа пеш муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким баъди пурсиш ба сифати гумонбаршуда Маъруф Остонро боздошт намуд. Вайро ду милитсионер пешандоз намуда, аз дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ берун бурданд. Дар ҳамин муддат нурҳои охирин офтоби зимистон паси кўҳи баланде панаҳ шуданд магар, ки дафтари кории Сорбони Ҳомид ҳам хира шуд. Баъди фурсате эҳтимол шом ҳам фаро мерасид, вале касеро парвои ин набуд. Ҳама сари андешаҳои хеш, ҳама чун тарозукаш сари тарозу неку бадро аз нишондоди Маъруф Остон дар мизони ақл баркашанда…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо