Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳарчанд дар ин бора касе ба ў сухане нагуфт, вале чун мутахассиси корҳои ҷустуҷўйи вай ин ҳамаро баръало ҳис намуда буд.
Ба ҷойи акси ўро дар либоси низомӣ ба риштаи тасвир кашидан, баръакс ўро дар либоси ғайринизомӣ ба қалам додаанд.
– Чаро?
– Чунки то он расмро дар қатори дигар расмҳо баҳри шиносоии донишҷўён пешниҳод намоянд, мисли он ки расмҳоро барои шиносоӣ дар милиса пешниҳод мекунанд.
– Худоё наход ин ҳама кўшишу талошҳоли банда барабас раванд. Охир, бо чӣ орзую ҳавасҳое ман баҳри Камолҷон қаср сохта истодаам, ҳарчанд он ба номи худам ҳам набошад, вале Ороста медонад, ки онро мо бо кадом нарх бино намудем ва соҳиби кунунии он Шерзамон аз сояе беш нест…
Ҳотам Илёс сигори кайҳо сўхта хокистар шудаашро ба хокистардони мармарин партофт ва ба хулосае омад, ки ҳарчи духтараш гуфт ин нимкосаест зери коса…
Ў аз курсии мулоим бархест ва назди тиреза рафта, чашмаки онро кушод то ҳавои ғализро аз он ҷо берун намояд…
Шамоли серуни зимистон симои Султон Назарро, ки акнун дар талоши мансаб дасту остин барзада буд, бо ў рў ба рў кард…
Вай чун вазъи хеш дар мизони ақл баркашид, ба хулосае омад, ки бо ҳама гуна вазъи ногувор Султон Назар баҳраш вай хатареро таҳдид намекунад, то ба вақте ки худи ўро чун ҳамиштирокчӣ дар ҷиноят ба ҳабс нагиранд. Чун сармуҳосибро ба ҳабс гиранд, ба қавли Генрих Мюлер ана кананада хоҳад шуд, ки дигар саг соҳибашро наёбад…
Дар замоне ки ў рў ба тарафи тирезаи кушода истода синаи хешро ба муқобили Султон Назар сипар карда буд, касе беовоз дарро кушода вориди дафтари кориаш шуд.
Ҳотам Илёс рўяшро ба тарафи дар гардонида нафас дар гулўяш дармонд. Пушти дар капитани қушунҳои сарҳадӣ Барот Сангович Муродов рост меистод.
– О…о…о… Шуморо парронда буданд– ку,– базўр пичирос зад ў.
Барот Сангович ба сўйи вай табассуме намуда, ҳамон хел ноайён дафтари кориашро тарк кард.
Худоё, ин ҳама таъқибҳоро анҷоме ҳаст ё на…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо