Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Соати чанд бо мўйсафед вохўрдед ва дар куҷо?
– Соатҳои 19 ё 1910 дақиқа ҳамон вақт он мўйсафед хатчаро ба дасти ман дод.
– Шояд соати 2010 дақиқа будагист?
– Не, соатҳои 1900– 1910 дақиқа буд.
– Чӣ вай мўйсафед аз шумо забонхат гирифт, ки хатчаро маҳз дар ҳамон соату дақиқа ба дастатон додааст ё худатон аз ў забонхат гирифтед, ки айнан дар ҳамин соату дақиқа хатчаеро аз дасти вай гирифтед?
– Чиро дар назар доред?
– Ҳеҷ боварии кас намеояд, ки кас ҳамин хел ҳар як қадамашро бо соату дақиқа ба ҳисоб гирад.
– Ман соати 18 аз хона баромадам ва баъди ним соат ба фурудгоҳ расидам. Он мўйсафед ҳамон ҷо мегашт ва ба наздам омад…
– То ҳамин лаҳза ман шуморо чун марди ростқавл ҳисоб мекардам, вале мебинам, ки хатто намудам.
– Чӣ акнун мехоҳед тавқи дурўғгўийиро ҳам чун сарборӣ ба коррупсия ба гарданам овезед?
– Не, чунки чунин «мукофот» нест.
– Хайрият.
– Бояд ба маълумоти шумо расонам, ки шуморо тайи соатҳои 17 то 19 дар кўчаи Хуросон дидаанд. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки шумо дар як вақт дар ду гўшаи шаҳр буда наметавонистед.
– Дар ҳоле, ки ман барои парвоз то Москва билети самолёт доштам чӣ тавр метавонстам ба ҷойи фурудгоҳ ба тарафи муқобили он ба дигар гўшаи шаҳр равам.
– Ҳамин чизро мо аз шумо пурсидан мехостем. Маҳз барои аниқ намудани ҳамин ҳолат бо амри банда он ду милиса шуморо ба ин ҷо оварданд.
– Чӣ шумо маро дар ягон ҷиноят гумонбаред?
– Бале.
– Ман шуморо гўш мекунам гап занед.
– Мо шуморо дар марги Розиқ Амон ва Маҷнуни Замир гунаҳкор мешуморем ва шумо чун шахси гумонбаршуда ҳуқуқ доред, ки…
Ў ки тайи чандин соли охир сари ҳуқуқу озодиҳои инсон тариқи расонаҳои хабарӣ ҷаҳду талош дошт имрўз аз шунидани ҳуқуқҳои хеш вуҷудаш биларзид.

пешина
аз 558
навбатӣ