Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳамаи инро сабаб он буд, ки Сорбони Ҳомид ўро чун шахси гумонбаршуда бо худаш шинос кард ва акнун он чи ки корманди милиса гуфт ин нисбати ба ҷаҳду талошҳои вай ҳуқуқи махсус ҳисоб меёфт…
Он чӣ ў аз забони Сорбони Ҳомид шунид хурсанд нашуд, чунки тайи чандин рўз сари кирдори хеш андеша дошт ва боварӣ дошт, ки дигар на ҳуқуқҳои махсуси гумонбаршуда ва на беҳтарин адвокати дунё ўро аз варта берун оварда наметавонад.
Оне ки бо ў сари суҳбат қарор дошт баъди ёдрас намудани ҳуқуқҳояш муҳри хомўшӣ ба лаб зада, вайро ба ҳоли хеш гузошта, гўшаки телефони берақамеро бардошта амр намуд, ки Фирдавси Ҳакимро ҷеғ зананд.
Фирдавси Ҳаким кию чӣ кора буд, то ҳанўз баҳри вай муаммо буд ва агар дар чунин вазъ қарор намедошт аз ду сар мепурсид, ки Фирдавси Ҳаким кист?
– Худоё оқибаташ чӣ мешуда бошад? Наход маро аз ин варта роҳи халосӣ набошад? Худам, ку майлаш, вале аҳволи Ҷамила чӣ мешуда бошад?
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,
Пас фарқ миёни ману ту чист бигу?...
– Худоё наход раҳми ҳамин бандаи носипосатро нахўрӣ? – Худоё…
– Замоне ки хуни он ду тан бирехтӣ чаро Офаридгори бузургро ба ёд наовардӣ,– нидо омад аз қалбаш.
– Охир ман аз рўи зарурият ба хотири Собирҷон ба чунин амал розӣ шудам.
– Дар Қуръони Маҷид Офаридгор бандагонашро огоҳ намудааст, ки ту аз бандаи ман ёрӣ маталаб, чунки худи вай ҳам мисли худат назди ман бечора аст ва ҳамин чизро ту нағз медонистӣ?
– Ҳа, медонистам.
– Медонистӣ, вале пушт ба китоби муқаддас гардонидию рўй ба сўи шайтони лаъин овардӣ, ҳамин тавр?
– Рафтори ман худ далели андешаҳои шумост.
– Ҳар кӣ бад кард ба бадии Худои мутаол гирифтор шуд.
– Боз мегўянд, ки Худованд лакбахш аст?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо