Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Инро аввал исбот кардан лозим.
– Исбот мекунем.
– Набошад шаф–шаф нагуфта шафтолу гуфта монед!
– Гўед, ки шумо барои муолиҷаи писаратон шаст ҳазор долларро аз куҷо пайдо намудед?
– Дар дунё одамони хайрхоҳ кам нестанд ва агар шумо гумон намоед, ки ман номи онҳоро ба забон меорам хатто мекунед.
– Шуморо ба ҷуз ифшо кардани номи онҳо дигар чорае нест.
– Чиро дар назар доред?
– Ҳоло замона ҳамин хел шудагӣ, ки ҳеҷ кас бе тамаъ кореро ба анҷом намерасонад ва мо бар он ақидаем, ки ба ивази «хайри он мардони саховатманд» шумо ҳам бояд кореро ба сомон расонида бошед.
– Ба фикри шумо бо чунин як маблағи калон ман бояд кадом кори онҳоро ба сомон расонида бошам. Шуморо бовар мекунонам, ки касе аз он соҳибони қасрҳои кошӣ дасти ман нагирифта.
– Инашро мо медонем.
– Пас чиро донистан мехоҳед?
– Ҳақиқатро.
– Кадом ҳақиқатро?
– Ҳамоне ки шумо аз гуфтанаш «шарм» медоред.
– Хуб мешуд, ки шумо мақсадатонро ошкор мекардед, дар акси ҳол ман намедонам чӣ гўям ва шуморо чӣ мақсадест?
– Ман донистан мехостам, ки шумо дар байни соатҳои 18–
19 шоми 8–ум ба 9–уми декабр дар куҷо будед?
– Ин кадом рўз буд?
– Рўзи сешанбе, аниқтараш бегоҳи сешанбе ба чоршанбе ва боз саҳеҳтараш ҳамон бегоҳе ки аввалин маротиба барф борид?
– Дар ҳамон вақти гуфтагиатон ман дар фурудгоҳ будам ва бояд ба Москва парвоз мекардам.
– Инро ки тасдиқ мекунад?
– Ҳарчанд касе ба гусели ман нарафта буд, вале мўйсафеде ба дасти ман баҳри писари дар Москва буданаш хатчае фиристод. Афсўс, ки маро ин шербачаҳои шумо пешандоз карда оварданд, вагарна ному насаби он мўйсафед дар дафтарчаам сабт шудагӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо