Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ба ҳоли он паризод.
– Чаро?
– Чунки ту якравӣ ва агар рафту вай аз ҳамин якравиат огоҳ гардад, аз ту дил хоҳад канд.
– Баръакс ҳамин хислати ман писанди ўст. Мебинам, ки хафа шудаӣ, хайр биё рафтем.
– Ана ин гапи дигар.
Онҳо ҳарду аз бинои фурудгоҳ берун шуданд. Дар берун ҳаво сард буд ва ҳамаи инро сабаб ҳамон барфи дишаба. Маҳз барф сабаб шуду дишаб падари Тоҷиддин аз Москва омада натавонист.
Агар тайёра дар вақташ меомад, сари субҳ ба Душанбе мерасид, хайрият Тоҷиддин занг зада ўро огоҳ намуд, вагарна ў ба кор нею ба фурудгоҳ меомад.
Барфи дуюм нисбат ба барфи аввала, ки онҳоро бо марди қотил рў ба рў намуд қариб ки хеҷ буд. Аҷиб, ки дирўз вай рассом дар асоси нишондоди онҳо чунон симои он мардро ба қалам дод, ки ба худаш як себи дукафон. Пас чаро кормандони милиса расмҳои он мардро дар ҷойҳои намоёни шаҳр наовехтаанд? Вай милиса ҳам моро бовар кунонид, ки симои тасвир намудаи рассом барояш шинос аст. Робиа бошад дар он шаби барфӣ ҳам он симоро шинос гуфт. Не, ў ҳаргиз шиноси Робиа набуд. Пас чаро Робиа дар лаҳзаи рў ба рў омадан бо ў тарсид, хост ҷисми нозуки хешро аз паҳлўи ман раҳо созад? Худи барф сабаб шуду ман бори аввал ба ў ҷафс шудам, чунон ҷафс, ки тапиши дили вайро ҳис намудам ва дар ҳамон лаҳза чашми ў ба он мард, ки дар самти дигари роҳ ба сўи мо наззора дошт бархўрд ва ўро чун шиноси деринааш бароям муаррифӣ кард. Ё мехост аз ман ҷудо шавад. Хайрият, дар он лаҳза ўро бовар кунонидам, ки чунин рафтор шубҳаи шиносашро зиёд хоҳад кард.
Дар ҳамон лаҳзаҳо чун вохўриҳои пешин якрави накарду баҳри ҳифзи ҷисми нозуки хеш чорае наандешид. Ба фикрам сардии ҳаво муҳаббати моро дучанд кард…
– Тайёрае, ки бо рейси 632бо сайрхати Москва – Душанбе парвоз дошт ба замин фаромад. Аз пешвозгирандагон мепурсем, ки дар назди баромадгоҳи сеюм интизор шаванд, – гуфтани диктори фурудгоҳ Шодмони Сафарро аз байни андешаҳояш берун овард.
– Имрўз акаи Абдуҷабборро ба Ҳулбук рафта намемонем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо