Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

... 50 …

– Омадед Шодмон?
– Бубахшед, ки дер мондам.
– Ба фикрам боз ба пеши паризодаат рафта будӣ?
– Не, дар ҷойи дигар кор доштам, ба замми ин нақлиёт камчин.
– Тайёра баъди бист дақиқа ба замин мефарояд,– хабар дод Тоҷиддин.
– Хайрият расида омадам вагарна акои Абдуҷаббор хафа мешуд.
– Намедонам, вале омаданат хуб шуд. Ба ростӣ ман умедамро аз омаданат кандам. Дирўз бегоҳӣ интизорат шудам наомадӣ. Сари субҳ Рамазонро дидам, гуфт ки дирўз бегоҳӣ дар гирди китобхонаи Фирдавсӣ тор метанидӣ?
– Кӣ гуфт? Рамазон?
– Ҳа, Рамазон.
– Чаро ман дар гирди китобхона тор метанидам, ҳамин хел аз роҳ гузаштам, вале Рамазонро дар ягон ҷо надидам.
– Ў бошад худатро дидааст.
– Хайр дида бошад чӣ, о ман дуздӣ накарда бошам. Чӣ ҷойи тарс.
– Гапат дуруст.
– Рамазон наомад.
– Ў омаду рафт, гуфт ки соати 1100 ҳимояи кори курсиаш сар мешавад.
– Ба фикрам ақлаш ба ҷояш задаст.
– Ду соли хизмат барабас нарафтааст. Бубин, армия бо ҳамин Рамазони қайсар чӣ кард.
– Зиндагӣ ҳамаро ҷо ба ҷо мекунад.
– Хайр биё рафтем!
– Ба куҷо?
– Ба пеши баромадгоҳ.
– Чун тайёра то ҳанўз фуруд наомадааст, рафтани мо маъние надорад.
– Яку сифр ба фоидаи худат.
– Ба дил нагир.
– Дилам ба ҳоли вай месўзад.
– Ба ҳоли кӣ?

пешина
аз 558
навбатӣ