Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сорбони Ҳомид дар худи ҷойи ҳодиса аз шахсони масъули ба ин ҳодиса сарукор дошта, баъзе ҳолатҳои корро муайян намуда, аз ҳамонҷо рост ба шаҳр омад. Соате пеш аз танаффуси нисфирўзӣ ў ба прокуратура рафта, дар бораи марги Ёсуман Набот муфаттиш Фирдавси Ҳакимро огоҳ кард.
– Ман ҳам расмҳои кашидаи он рассоми номиатро тайи ин се соат ба чанд нафар нишон додам.
– Хуш, ягон натиҷае ҳаст?
– То кунун не.
– Ман гуфтам– ку ин симо бароям ниҳоят шинос.
– Пас чаро ба ёд оварда наметавонед, ки ў кист,– ба расмҳои болои миз хобида ишора намуда гуфт Фирдавси Ҳаким.
– Бало пирӣ,– хандида гуфт Сорбони Ҳомид.
– Шояд ин симоро дар дигар ҳолат дида бошед?
– Чӣ хел дар дигар ҳолат?
– Фарз намудем тариқи телевизион ва ё расмашро дар саҳифаҳои рўзномаҳои даврӣ дидаед.
– Намедонам ва аз эҳтимол дур нест, ки ҳамин хел ҳам набошад.
– Рафту агар ҳамин симоро дида бошед ҳам танҳо бо роҳҳое ки ман гуфтам дидаед ва хуб мешуд, ки сари ҳамин масъала андеша мекардед.
– Чӣ шумо гуфтаниед, ки банда ҳамин намоишҳои телевизониро ба ёд оварда, рўзномаҳои ҷориро варақгардон намоям?
– Ман танҳо ақидаамро гуфтам ва онро ба гардани шумо бор карданӣ нестам. Ҳар коре ки карданӣ бошед бо салоҳдиди худатон иҷро намоед.
– Майлаш, ман пешниҳоди шуморо ҳам ба инобат мегирам.
Акнун рухсат диҳед, ки равам.
– Ба куҷо?
– Ба милиса.
– Чӣ илоҷ модоме, ки дилатон ба милиса кашол аст, ман чи ҳам мегуфтам, вале фаромўш накарда гоҳ гоҳ занг занед. Расмҳои овардаатонро низ бо худ бигиред. Дар амони Худо бошед…

пешина
аз 558
навбатӣ