Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қадаш тахминан 1,60 – 1,65см. мўйҳояш ҳалворанги қайчизада шуда. Рўяш гандумгин, чашмонаш сиёҳ, биниаш муғулнамо. Дар гўшҳояш ҳалқаҳои нуқрагин овезон. Дар ангушти хурдии дасти чапаш ангушттарини нуқрагин…
Аслан бо ишораи чунин нишонаҳо ёфтани шахс қариб ки душворие надорад.
Ҳангоми вохўрӣ бо Толеҳзода Сорбони Ҳомид ҳамин қадар фаҳмид, ки капитани милиса тайи панҷ соли охир дар бахши кофтукови ҷиноятӣ аслан ба ҷустуҷўи шахсони бе ному нишон гумшуда банд аст.
Шояд таҷрибаи дурусти кор дар ин самт будааст, ки духтараки дар карери дуюми соҳили Кофарниҳон ёфтшударо аз рўйи нишонаҳои дар хабарнома фиристода шинохта ба ШКД ноҳияи Сино сари вақт хабар додаанд.
Сорбони Ҳомид, ки сари дуроҳаи наздикии комбинати бофандагӣ аз нақлиёти шаҳрӣ фаромада, самти ҳаракаташро тағир дод ва баробари автомашинаи якумро бо тамғаи таксӣ дидан даст бардошт…
– То карери дуюми соҳили Кофарниҳон.
– Марҳамат шинед.
Бо ҳама дермонии хеш ў дар охири азназаргузаронии ҷойи ҳодиса худро ба карер расонд.
– Мардумони зиёде дар маҳалли ҳодиса гирд омада буданд, ки дар байни онҳо падару модари Ёсуман ҳам буданд. Аз чашмони аз гиря варамкардаи зан ва қомати хамидаи мард Сорбони Ҳомид ба хулосае омад, ки ҷисмеро ки навакак ба автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» бор карданд, ҷисми духтари онҳост. Нигоҳи ў ба нигоҳи Аъзами Толеҳзода бархўрд ва ў низ бо ишораи сар фикрҳои вайро тасдиқ намуд. Маълум буд, ки онҳо Ёсуман Наботро ҳифз карда натавонистанд, вале дигар ҳама гуна афсўсу надомад суде надошт.
Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Бўстон Аскаралӣ Қаю– мов ним соат пас аз омадани вай ба азназаргузаронии ҷойи ҳодиса нуқта гузошт ва ҳамагон пароканда шуданд…
Автомашинаи «Ёри таъҷилӣ» ҷисми Ёсуман Наботро ба маркази ташхиси тиббӣ судии ҷумҳуриявӣ бурд. Ҳарчанд ташхисгари тиббӣ - судӣ маргро бо роҳи буғикунони арзёбӣ намуд, вале барои хулосаи аниқи хешро баён намудан ташхиси аниқу дақиқ дар озмоишгоҳ лозим буд.

пешина
аз 558
навбатӣ