Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Олим ҳаргиз даст ба ҷинояте чун куштор ва боз куштори ду тан нахоҳад зад.
Ў даст ба тугмачаи шабчароғ бурда онро пахш карду дар оғўши зулмат монд…
... 49 …

Субҳи рўзи чоршанбе капитани милиса Сорбони Ҳомид ба ноҳияи Бўстон рафт. Ташрифи ўро сабаб он буд, ки дар карери (ҷойе, ки хоку рег мебаранд) дуюми соҳили дарёи Кофарниҳон, ки аз рўйи тобеъяти минтақавӣ ба ноҳияи Бўстон мансуб аст ҷасади духтаракеро ёфтаанд. Соате пештар дар ин бора аз ШКД ноҳияи Сино, ки ҷустуҷўи Ёсумани Наботро ба дўш доштанд ба ШКД ноҳияи Сарчашма хабар доданд. Чун дар лаҳзаи қабул кардани хабар Сорбони Ҳомид дар прокуратура буд хабарро бо каме дермонӣ ба гўши ў низ расониданд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид дар бораи ташрифаш ба ноҳияи Бўстон сардори бахти кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Додобоевро огоҳ намуда расо соати 900 аз бинои милиса берун шуд.
Аз рўйи гуфтаи навбатдор ўро ба ноҳияи Бўстон ваколатдори кофтукови ҷинояи ноҳияи Сино капитани милиса Аъзам Толеҳзода даъват намудааст…
Ҷустуҷўи Ёсумани Наботро тайи чанд рўзи охир ШКД – и ноҳияи Сино ба дўш дошт ва чун ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Аъзам Толеҳзода аз мақсаду мароми милисаи ноҳияи Сарчашма огоҳ буд пеш аз ба ҷойи ҳодиса рафтан Сорбони Ҳомидро низ ба он ҷо даъват намудааст.
Дар ин бора ҳатто хабарномаи ба унвони ШКД ноҳияи Сарчашма аз ШКД – и ноҳияи Сино омада, дар бахши кофтукови ҷиноятӣ маҳфуз аст. Сорбони Ҳомид сари роҳ истода дигар мазмуни он хабарномаро, ки шояд иҷрочиаш худи Аъзам Толеҳзода буд ба ёд оварданӣ шуд.
Дар хабарнома гуфта мешуд, ки рўзи 10 декабр соати 1700 сокини кўчаи Шафақ 32/1 хонаи 26 Ёсумани Набот соли таваллудаш 1992 аз хона баромада дигар барнагаштааст. Ў дар тан либосҳои хонагӣ доштааст, яъне бе ягон тағири либос аз хона ба берун баромадааст. Дар танаш куртаи помбархи ранги сиёҳ ва курткаи спортии «Адидас» ранги сафед доштааст. Дар пояш туфли сиёҳ ва поҷомаи ҳамранги куртааш ба бар карда. Нишонаи махсусаш ин дар қисми чапи шонаҳояш наздики ба китф холи калони сиёҳе…

пешина
аз 558
навбатӣ