Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳамин фориғии яклаҳзаина ўро аз ин гирдоб бардошту ба гирдоби дигар партофт. Ба умеди то ба соҳил расидан ў боз дастак заду дастак…
Дар асоси нишондоди он ду ҷавон симои мардеро рўйи қоғаз овард, ки кулоҳпўш буд. Чун кулоҳ моли аслии тоҷикон нест, баъзан мардум ҳангоми баҳодиҳӣ ба симои мардони кулоҳбасар ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ медиҳанд. Он ду дилдода низ имрўз дар алоҳидагӣ симои дар он шаби барфӣ дидаашонро ба олим шабеҳ доданӣ шуданд ва ҳамаи инро боз ҳамон кулоҳи сараш сабаб шуд, ки бо нимтанаи чармини сурхи ў ҳамранг будааст. Яъне, ки танҳо аҳли зиё дар интихоби либос нуқтасанҷ аст. Ин хатои маҳз аст ва Тайиб Аҳмад имрўз нуқтаи назари хеш ба он ду дилдода бигуфт. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда онҳо бо пофишориҳои зиёде назари хеш ба дўши рассом бор намуданд.
Не, чун рассом ў ҳуқуқ надошт фикри онҳоеро ки дар чунин як масофаи наздик бо гумонбаршуда рў ба рў омада буданд ба инобат нагирад. Ин ҳама баҳсу талоши ў ба мақсади муайян кардани симои аслии гумонбаршуда буд ва чун он ду ҷавон дар сухани хеш устувор буданд, акси ба қалам додаи ў ҳатто дар нигоҳи Сорбони Ҳомид шинос баромад.
Ба пиндори се нафар он расм симои марди шиносеро рўйи саҳнаи зиндагӣ баровард, вале то ба ин дам бе натиҷа…
Ҳам он духтараки донишҷў ва ҳам ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ўро бовар кунонданӣ шуданд, ки симои кашидаи вайро дар куҷое дидаанд, вале дар куҷо диданашонро чун худи ў ба ёд оварда натавонистанд, мисли оне, ки Шурик ҳамроҳи Лида (ишора ба кинофилми саргузаштҳои Шурик – Александр Демяненко ва Наталья Селезнёва дар назар аст) дуюмбора ба кулбаи духтар рафту мусиқиву садоҳои шиносро шунид, вале ба ёд оварда натавонист, ки кадом вақт дар он манзил будааст…
Аз суҳбатҳои имрўза ў ҳамин қадар фаҳмид, ки симои шиноси вай супоришдиҳанда ва симои шиноси дилдодагону Сорбони Ҳомид иҷрочӣ ё чӣ хеле, ки акнун мегўянд «киллер» будааст. Онҳо бошанд боз ўро ба олим шабеҳ доданӣ мешаванд, бехабар аз он, ки олим ҳам авлиё ва ё дар мақоми авлиёст. Наход кас тафовути байни авлиё ва киллерро набинад. Не, ин ҳеҷ мумкин нест ва чунин шуданаш ҳам ба гумон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо