Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Мебинем, вале ба гумон аст, ки ў ҳамроҳи мо истад.
– Меистад.
– Бе ин ҳам ў як рўз аз кор дер монд.
– Ҳамон автобазааш гурехта намеравад.
– Ҳамааш ба гардани худат, тавонӣ маън намо…
– Кўшиш мекунам.
– Масъалаи паризодро ҳам кундаланг мон, аз ду сар амаки Сафарро дадом розӣ кунонда метавонад.
– Не, дар ин бора ҳарфе нахоҳам гуфт?
– Чаро?
– Чунки худи Робиа розӣ нест.
– Пас чӣ лозим он ҳама тор таниданҳои ту?
– Робиа бар он ақидааст, ки танҳо баъди хатми донишгоҳ тўй кунем.
– Чӣ якуним соли дигар мо интизор шуда истем, ки кай бачаи акаи Сафар тўй мекунад? О, навбати мо кай мешавад? Не ман ин корро ором намегузорам, ҳамагӣ ду– се моҳ барои шумо вақт, набошад ман худам зан мегирам.
– Ихтиёрат.
Мусофирони аз Москва омада як– як аз баромадгоҳе, ки гирдаш бо шишаи на чандон сиёҳ маҳкам карда шуда буд, баромадан гирифтанд ва аз ҳама пеш марду зане баромаданд, ки фиғону нолаи чанд пешвозгирандаро баланд намуданд. Шодмони Сафар ки то ин дам бо Тоҷиддин сари суҳбат қарор дошт дурустар ба тарафи он марду зане, ки ташрифашон боиси оҳу нолаи қисми ками пешвозгирандагон гардида буд, наззора намуда дар ҷояш шах шуд… Нафари аз Москва омада ҳамон марде буд, ки дар он шаби барфӣ бо ў ва Робиа рў ба рў омада…
... 51 …

Сардухтури поликлиникаи ноҳия чаҳоряк соат пушти дари
муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма интизори омадани
Фирдавси Ҳаким буд. Дар даҳлези ошёнаи якум боз чандин
нафар корафтодагоне чун ў пушти дарҳо буданд ва ҳар кадом
ба назди кормандони прокуратура даромадан мехостанд. Вайс
Тошмат дар умри панҷоҳсолаи хеш борҳо ба кормандони милисаю прокуратура нишондод дода буд ва ҳар як ташрифаш ба ин мақомотҳо саргузашти талхи даҳ сол пештар доштаашро ба ёд меовард.

пешина
аз 558
навбатӣ