Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ хел ?– пурсид Фирдавси Ҳаким.
– Чӣ хел намешуданд, ҳамин хел оддӣ, имрўз, пагоҳ ва боз кӣ медонад чанд рўзи дигар ба кор омада метавонанд ё не?
– Чӣ магар он кас беморанд?
– Агар шумо шиноси наздикаш бошед, бояд хабар дошта бошед, ки Маъруф Остон дар куҷост.
– Не, ман ягон хабаре надорам.
– Ман медонам.
– Чиро?
– Он чиро ки шумо ҳеҷ чизеро намедонед ва ҳамаи инро сабаб он аст, ки шумо ҳаргиз шиноси Маъруфҷон набудед.
– Мумкин– мӣ гуфтани касе Фирдавси Ҳакимро аз баҳси минбаъда бо сармуҳаррир раҳо кард.
– Ҳа, Ҳанифабону, марҳамат, гузаред. Ана, ин ҷавони ҳозиру нозир, сармуҳаррир ба тарафи Фирдавси Ҳаким ишора намуд, шиноси Маъруфҷон будааст, оё шумо ўро мешиносед?
– Бори аввал мебинам,– гуфт Ҳанифаи Муҳаммад.
– Вале ин кас ду пойро дар як мўза андохта маро бовар кунонданӣ, ки ў шиноси ҳамкори мост.
– Шояд шиносаш будагист? – посух дод Ҳанифаи Муҳаммад.
– Ҳеҷ гуна шиносаш нест.
– Пас чаро ба суроғи Маъруфҷон омадааст?
– Беҳтар мешуд, ки инро аз худашон мепурсидед?
– Гўед, ки шумо бо Маъруф Остон чӣ кор доред?– пурсид Ҳанифа.
Чун Фирдавси Ҳаким дигар маҷоли сухангўӣ надошт шаҳодатномаи хизматиашро бароварда назди ў гузошт.
Ҳанифаи Муҳаммад шаҳодатномаро аз назар гузаронида ба тарафи сармуҳаррир, ки ба мутоилаи рўзномае машғул буд нигариста гуфт:
– Ин кас муфаттиши прокуратура…
– Фирдавси Ҳаким?– ба Ҳанифа имкони сухан гуфтан надода чашм аз рўзномаи дар пешаш буда наканда гуфт сармуҳаррир.
– Ин касро шумо мешиносед? – пурсид Ҳанифа.
– На ин ки мешиносам балки мегўям, ки боре ман гаҳвораашро ҳам ҷунбонидаам.

пешина
аз 558
навбатӣ