Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фирдавси Ҳаким лаҳзае худро гум кард, охир бубин як маротиба ба назди дўсти падараш Бахтиёр Боқӣ омаду хост бо сухани дурўғ дар бораи Маъруф Остон маълумот гирад ва ана натиҷааш.
– Бубахшед, амаки Бахтиёр.
– Дурўғ гуфтан торикии имон аст ва маро бо сухани дурўғ ба дом кашидан осон нест. Чӣ падарат ягон бор дар ин бора огоҳат накардааст?
– Ман, ман…
– Магў посух, ки посух нохуш ояд.
Ба кўҳ овози хуш деҳ то хуш ояд,– гўён сармуҳаррир аз ҷой бархест ва бо писари ҳамяроқу ҳамсабақаш гарм вохўрӣ намуда гуфт, ки дурўғ поя надорад ва он бинои бе таҳкурсиро монад.
– Бубахшед, Бахтиёр Боқиевич.
– Аминам, ки аз ин вохўрӣ шумо панд гирифтед?
– Ҳа, албатта.
– Дағалии субҳгоҳии бандаро низ сабабест,– гуфт сармуҳаррир.
– Чӣ ягон ҳодиса шуд?
– Дишаб аз Москва телефон намуданд.
– Маъруф? – пурсид Ҳанифаи Муҳаммад.
– Ҳа.
– Хуш аҳволи Собирҷон чӣ хел?
– Чанд рўз боз Собирҷон дар қайди ҳаёт нест.
– Салавот бар Муҳаммад,– нидо омад аз қалби зан.
– Салавот бар Муҳаммад,– бигуфт Фирдавси Ҳаким.
– Ҳа, дишаб ман бо Маъруфу ҳамсараш гуфтугў намудам ва имрўз бояд рафта ин хабари нохушро ба пайвандонашон расонам. Чандин сол Маъруфу Ҷамила таваллуди фарзандро интизорӣ кашиданд. Шояд дуояшон назди Худованд мустаҷоб шуду шаш сол пеш онҳо соҳиби писарбачае шуданд. Як сол боз Собир бемор аст. Моҳе пештар ўро ба беморхонаи кардиологии Москва бурданд. Маъруф Остон то ба куҷоҳое давид то баҳри ҷарроҳии писарбача маблағ дастрас намояд, вале касе дасташ нагирифт ва оқибат ў писарбачаашро аз даст додааст.
Дар сухан мо ҳама ёру бародарем, ҳамзабону ҳаммиллатем, вале чун рўзи танг омад, дасти бародари хеш гирифта наметавонем, чунки онҳое, ки Маъруф Остонро дўст медоштанд, пуле надоштанд, ки дасташ бигиранд. Онҳое, ки пул доштанд Маъруф Остонро чашми дидан надоштанд, чунки аз суханони сермурчу қаламфури ў ҷон ба лаб омада буданд.

пешина
аз 558
навбатӣ