Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аз куҷо донам, вале ман боварӣ дорам, ки ҳамин симоро дар саҳни мактабамон дидам ва на як бор.
– Аҷаб нест, вале ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки милисаро бо мактаби рассомӣ чӣ пайвастагие ҳаст?
– Намедонам.
– Рафту агар ягон чиз ба ёдатон ояд ҳатман ба ман занг занед.
– Ба гумон аст. Ҳар он чӣ ки ман медонистам гуфтам.
Беҳтар мебуд, ки ба умеди ман нашуда…
– Албатта, мо ҳам дастонро болои ҳам гузошта занги телефони шуморо интизор мешавем,– хандида гуфт Сорбони Ҳомид.
Телефони дохилӣ садо доду ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гўшакро бардошт.
– Рафиқ капитан ба назди шумо Шодмони Сафар ва номи шумо чӣ буд, шунид ў овози ёрдамчии навбатдорро…
– Робиаи Мансур, – бигуфт Сорбони Ҳомид.
– Ҳа, Робиаи Мансур, – гуфт ёрдамчии навбатдор.
– Ҳардуро то ба дафтари кории ман гусел намоед, – амр кард Сорбони Ҳомид
– Хуб шудааст,– гўён ёрдамчии навбатдор гўшакро ба ҷояш гузошт.
Лаҳзае пас Шодмони Сафар ва Робиаи Мансур вориди дафтари кории Сорбони Ҳомид шуданд. Ёрдамчии навбатдор Зуриддин Замонов бо рухсати ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз санҷаи дар пас гашт…
... 43 …

Муфаттиши прокуратура сари субҳ ба идораи рўзномаи «Айём» рафт. Ў бисёр мехост, ки пеш аз вохўрӣ бо нафақа– хўроне, ки қасру кўшкҳоро мансабдорон ба номашон номнавис намудаанд як маротиба бо муаллифи мақола Маъруф Остон вохўрад. Дар ин субҳи солеҳон ба ҷуз сармуҳаррир дигар касе дар идора набуд.
Фирдавси Ҳаким худро на чун муфаттиши прокуратура балки ҳамчун шиноси наздики Маъруф Остон муаррифӣ намуда, вақти ба кор омадани Маъруф Остонро пурсид.
– Он кас намешаванд, – айнакашро аз чашм гирифта ба сўи ў нигариста гуфт сармуҳаррир.

пешина
аз 558
навбатӣ