Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Муждае аз ин беҳтар набуд, ҳарчанд дар нишондоди аввалаи Робиаи Мансур симои он мард дуруст намонда. Дирўз капитани милиса дар ин бора бо муфаттиши прокуратура сари баҳси телефонӣ қарор дошт ва ақидаи хеш бар он гуфт, ки барои пурсиш аз ҳама муҳим вақт ва ҷой пурсиш аҳамияти бештар дорад. Ў боварии куллӣ дошт, ки лейтенанти ҷавон Қудрат Ғайрат барои пурсиши шоҳид муҳит ва вақти дурустро интихоб накардааст.
Аз он чӣ ки Тайиб Аҳмад дар ҳангоми зангзанӣ дар дафтари кории ҳамдиёраш буд, ин худ як назари неке ба оянда буд. Охир кам не, ғам не чор нафар тайи як ҳафтаи охир ҷони хеш аз даст додаву як нафар бе ному нишон гум шудааст. Сорбони Ҳомид дарду алами дили хеш ва умуман мақомотҳои ҳуқуқиро ки мубориза алайҳи ҷинояткорӣ пешаи асосиашон буд, ба самъи рассоми номдор расонид ва ўро розӣ кунонид, то як рўзи кории хешро дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ сарф намояд.
Дигар чӣ ҳам мегуфт рассом Тайиб Аҳмад? Розӣ шуд, ки чун ҳар як шаҳрванд қарзи хешро дар назди давлату миллат адо намояд. Ҳар он чӣ ў имрўз аз забони ҳамдиёраш, ки ду – се сол аз ў калонтар буд, шунид дилашро ҳазину таъбашро хира сохт.
То кунун ў дар мактаби рассомӣ дар ҳамин бора ба шогирдон дарс мегуфт. Чун ў устоди портрет буд нигоҳро манбаи асосии портрет арзёбӣ мекард, вале чанде пеш Раънои Бозор нигоҳи он милисаи мегуфтагиашро ба ёд оварда натавонист. Дар ҳамин ҷо худи рассом ташаббусро ба даст гирифта, нигоҳи мардеро ки рўйи қоғаз овард, сард ба қалам дод ва Раънои Бозор худ ҳайрон монд, ки чӣ тавр рассом ба расми кашидааш нигоҳи аслии он мардро ба қалам додааст. Маҳз ҳамин нигоҳ расмро ҷаззобтару ба аслаш аз нигоҳи пешхизматдухтар наздиктар намуда буд.
–Симои ҳамин мардро ман дар куҷое дидаам, ба расми кашидаи хеш нигариста гуфт рассом Тайиб Аҳмад.
– Шояд ба ёд меовардед, ки ин симоро дар куҷо дидаед?
Дар он сурат моро аз даву тозҳои зиёдатӣ халос мекардед.
– Ман ҳамин симоро дар худи саҳни мактабамон дидаам.
– Ў дар мактаби рассомӣ чӣ меҷуст,– бовар накарда пурсид Сорбони Ҳомид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо