Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ўро илоҷи дигаре намонда буд ба ҷуз ду сарро фидои сари хеш намудан…
Ҳотам Илёс муддати ин солҳо ба гўши Насим ва баътар ба гўши Сарвиноз аз хусуси дар хизмати халқу ватан ба муқобили ҷинояткори бархостанаш он қадар ваъз гуфта буд, ки ҳаргиз онҳо рақами телефони вайро рўйи саҳфае дарҷ накарда. Рақами телефонҳои ў дар дили Насиму Сарвиноз бо хати заррин сабт гардида ва ўро итминони комил буд, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ сурат касе рақами телефонашро дар дафтари хотироти ду дилдода нахоҳад ёфт, чунки Насим аз манқурте беш набуду Сарвиноз аз тарси ошкор шудани сири ниҳонаш он рақамҳоро ба ҷуз дар саҳфаи дилаш ҷой намудан дигар ҷорае надошт…
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, то ба ҳол дар ин хусус, саҳфаҳои пур зи асрор хело зиёд буд.
Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма, мушовири адлияи дараҷаи сеюм Фирдавси Ҳаким баҳри кашфи ин асрор дасту остин барзад. Дар ин бозӣ аслан ҳама картаҳои «Т» (тусдор дар назар аст) дар дасти Фирдавси Ҳаким буд. Мисли оне ки чанд рўз ҳамин картаҳоро худи ў ба даст дошт.
Туси асосӣ (тус козер) дар ин бозӣ худи рўзноманигор Маъруф Остон буд. Рафту вай ҳамон вохўрии тасодуфиро дар тарабхонаи «Бону» ба ёд наовард ва онро чун асоси шиносоии хеш бо Насим ба қалам надиҳад, ўро дигар хатаре аз ин самт нест.
Дар ноомади кор атола дандон шиканад, гуфтагӣ барин дар айни вақт вазъияти полковники милиса Ҳотам Илёс ва даъвогар ба мансаби мудири бонки «Кишоварз» чунин буд, чунки муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким хоҳу нохоҳ бо муаллифи мақолаи «Коррупсияро бо пурбин наҷўед…» бояд вомехўрд. Чун дар ин шабу рўз Маъруф Остон дар ҷумҳурӣ нест аз ду сар дар ҷойи кораш сабабҳои ба Москва рафтанашро начакондаю нарезонда ба гўши муфаттиш хоҳанд расонид.
Агар ў дар ҳақиқат муфаттиши оқил бошад муайян хоҳад кард, марде ки бо корупсия даст ба гиребон шудааст, аз кадом ҳисоб фарзандашро барои ҷарроҳӣ ба беруни ҷумҳурӣ фиристодааст.
Барои муайян намудани ҳамин чизи одӣ Архимед будан нашояд.
Тафтишот танҳо дар чунин маврид тавассути Москва то ба ў баромада метавонад. Нақшаи ҳаракати мутақобилаи ин амалиёт дар тафаккури муовини сардори РКД шаҳри Ховарон чунин ранг гирифт: Беморхонаи кардиологии Москва, бонки ҷумҳуриявие, ки маблағи мазкурро то ба Москва интиқол додааст, ташабускор ва масъули ин супориш, иҷрочӣ, ҳадаф аз чунин амал.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо