Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Хатари аз ҳама зиёд он буд, ки ба ҷуз парвандаи ҷиноии рақами 466 санҷиши мақолаи Маъруф Остон низ ба прокуратураи ноҳияи Сарчашма вобаст карда шуда ва на танҳо ба прокуратураи ноҳияи мазкур, балки санҷиши ҳарду маводро як мақомоти муташаккил ба дўш дорад ва Худо бад нахоҳаду шоҳиде бо Маъруф Остон дар назди муфаттиш рў ба рў биёяд…
Занги телефон садо доду Ҳотам Илёс гўшакро бардошта гуфт:
– Полковники милиса Ҳотам Илёс гўш мекунад.
– Рафиқ полковник, ин ман сардухтури поликлиникаи…
– Тинҷӣ– мӣ бача?
– Намедонам маро ба прокуратураи ноҳияи Сарчашма даъват намудаанд, – хабар дод ҳамдеҳаи Насим.
– Бо кадом сабаб нафаҳмидед?
– Оё шумо хабар надоред?
– Дар бораи чӣ?
– Дар бораи таркиш дар кўчаи Н.Қарабоев.
– Хабар дорам, вале ин ба шумо чӣ дахл дорад?
– О вай шахси дар натиҷаи таркиш ба ҳалокат расида ҳамон ҳамдеҳаи ман ва додархонди шумо Насим будааст– ку.
– Наход?
– Ҳа, ҳамин хел.
– Прокуратура аз шумо чӣ мехостааст ё гумон доранд, ки шумо вайро таркондаед?
– Не, то ҷойе. ки банда иттилло дорам, маро барои ҳамон варақаи корношоями додам даъват намудаанд.
– Хайр, чӣ ҷойи тарс.
– Ман– ку тарсе надорам вале аз шумо рафиқ полковник пурсидани будам, ки оё метавонам агар зарур шавад номи шуморо ба забон биёрам .
– Ба фикрам варақаи корношоямиатон ғуборе надошт, ҳамин хел?
– Ҳамин хел, рафиқ полковник.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо