Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Модоме ки ў ба халқи маҳали хеш, ки хуни нофаш он ҷо бирехтаву байни он мардум ба воя расидааст, чунин бадкирдориҳоро раво дид, пас куҷо буд он кафолат, ки як саду панҷову се ҳазор доллари амрикоиро ки барои номуси кадом як духтаре супурда буд, ба ёд наорад. Дар ин хусус ўро ғуборе дар дил набуд. Марги Сарвинозу Насим низ талафоти ҷиддиеро ба зиндагии ў ворид намекард, чунки рафту агар онҳоро ба прокуратура даъват мекарданд Худо медонад оқибати кор чӣ мешуд. Ба Сарвиноз имконияти ба прокуратура рафтанро додан ин баробари он буд, ки ҷинро аз кўза берун намоӣ.
Сарвиноз хабари ба номуси Ёсуман таҷовуз намудани Розиқ Амонро аз забони ҳамсари мудири бонк Гулбарг Амон шунида буд ва худи ҳамон рўз ҳангоми аз сафари хизматӣ аз вилояти Суғд баргаштани Ҳотам Илёс ба гўши ҷанобашон расонд.
Сипас, бо иҷозаи худи Ҳотам Илёс ҳамин хабарро ба гўши Насим расонид. Насим бошад аз нав ҳамин хабарро боз ба гўши полковники милиса расонид. Аслан Ҳотам Илёс бо ин амали хеш Сарвинозро ба соя тела дод ва Насимро аз санҷиш гузаронид. Дар асл боре ҳам Насим ба ў хиёнат накарда буд, вале худи ў нисбат ба додархондаш хиёнатҳои гўшношунидеро раво дид. Рафту агар зиндагӣ чунин маҷро намегирифт, кӣ медонад оқибати кор чӣ мешуд? Сарвиноз дар ду фронт кор мекард ва фронти амалиётҳои ў аз фронтҳои аслӣ фарқияте надошт. Дар ҳоле ки ў ҳамсари Насим мешуд боз чун маъшуқаи оне, ки шавҳарашро бародар мехонд боқи мемонд.
Ин ҳамаро бозии қисмат гуфтан нашояд, ин бозие буд, ки аҷаб не рўзе шавҳар хуни зан ва ё бародари қиёматӣ мерехт. Ва ё баръакс.
Ҳарчанд ў бо мазмуну мундариҷаи парвандаи ҷиноии рақами 466 шинос набуд, вале то ба Сарвиноз баромадани муфаттиши прокуратура ин қариб аз шикасти амалиёти ў хабар медод. Чӣ хуб шуд, ки Сарвиноз ба ў занг заду огоҳаш сохт.
Дар ҳамон лаҳзаҳо вақт танҳо ба нафъи вай кор кард, чунки Насим ҳам аз иҷрои амалиёти дирўзааш бо Ёсуман гузориши мусбӣ дод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо