Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Чаро аз шумо гумонбар мешудем?
– О, дар марги Сарвиноз аз ман домангиред– ку.
– Агар шумо ба суханони банда гўш медодед, дугонаатон ҳоло дар қайди ҳаёт буд.
– Ў худаш занг зад ва ман гуфтам, ки муфаттише ба суроғаат омада буд.
– Ў не, балки шумо занг задед.
– Чаро ба ман бовар намекунед?
– Чунки аз гуфтани сухани рост метарсед.
– Хайр чӣ фарқ доштааст, ки вай занг зад ё ман, ҳол он ки вай худаш занг зад.
– Дар асл ин ягон фарқе надорад, агар натиҷаи гуфтугўи телефони шумо бо фоҷиа намеанҷомид.
– Охир ман аз куҷо медонистам, ки …
– Ман– ку дар ин бора шуморо огоҳ намуда будам.
– Оне ки қасди ҷони Сарвиноз ва Насим намудааст, телефони вайро гўш мекардааст?
– Не.
– Пас чӣ сабаб шудасту ў қасди ҷони Сарвиноз ва шавҳаршавандаш намудааст.
– Чунки онҳо ҳарду дар бораи қотил бисёр чизҳоро медонистанд.
– Модоме ки телефони Сарвиноз дар зери назорат набудааст, пас қотил чӣ тавр аз мақсаду мароми вай огоҳ гаштааст.
– Чунки баъди гуфтугў бо шумо Сарвиноз худаш ба қотил занг зада, ўро аз мақсаду мароми тафтишот огоҳ кардааст.
– Дар бораи тафтишот ман сухане ба забон наовардам.
– Инаш муҳим ҳам набуд, муҳим он аст, ки шумо ба ў гуфтаед, ки муфаттише ба суроғат омадааст.
– Магар дар ҳамин як сухан он қадар рози ниҳон аст, ки қасди ҷони кас намоӣ?
– Албатта.
– Шояд маро дурустар фаҳмонед.
– Оне ки қасди ҷони Сарвиноз дошт, худ бо баҳонае Сарвинозро бо Насим рў ба рў намудааст.
– Фарз кардем, ки Сарвиноз шоҳиди номақбул буд, вале чаро ў қасди ҷони Насим намуд?
– Насиму Сарвиноз ҳарду заволаи як хамир буданд, вале ҳар кадоме дар алоҳидагӣ бо қотил сару кор доштаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо