Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Як маротиба Сарвиноз аз дур Насимро ба ман нишон дода гуфт, ки ана ба ҳамон кас нияти издивоҷ кардан дорад.
Насим ҳамон лаҳзаҳо пеши автомашинаи ГАЗ – 31 ҳамроҳи як милисае, ки се ситораи калон сари китфонаш дошт суҳбат дошт. Сарвиноз гуфт, ки ҳамон милиса шефи Насим аст. Ман боз ду– се маротиба Насимро ҳамроҳи ҳамон милиса дидам, вале он кас ҳам чун Насим дар либоси ғайринизомӣ буд. Сарвиноз мегуфт, ки баъзе милисаҳое, ки корҳои муҳимро ба сомон мерасонанд бо либоси ғайринизомӣ мегарданд.
– Насимро ягон маротиба дар либоси низомӣ дида будед?
– Не, вале ба гуфтаҳои Сарвиноз боварӣ доштам, чунки ў умуман аз дурўғ гуфтан ҳазар мекард ва дурўғгўёнро чашми дидан надошт.
– Дурўғгўёнро чашми дидан надошт, вале ба суханони Насим бовар намуда буд ҳамин тавр?
– Сарвиноз мегуфт, ки Насим дар милиса вазифаи ниҳоят муҳимро ба дўш дорад барои ҳамин ба ў рухсати бо либоси низомӣ гаштан намедиҳанд.
– Чунки Сарвиноз мубталои ишқ гашта ба суханони Насим бовар кардааст. Хуш, акнун бигўед, ки он милисаи калонро чӣ ному насабест?
– Ба ростӣ намедонам, чунки Сарвиноз ҳам ному насаби ўро намедонистааст. Насим бошад дар ин бора ба Сарвиноз сухане нагуфтааст.
– Рафту агар он милисаро бинед мешиноседаш?
– Албатта.
– Агар дар байни даҳ нафар чунин ситорадорон ҳам бубинедаш?
– Дар байни сад нафар ҳам бубинам мешиносамаш.
– Шумо имкон доред, ки хатоги дирўзаи хешро ислоҳ намоед.
– Чӣ хел?
– Дар ёфтани ҳамон милисаи калон ба мо ёрӣ диҳед?
– Чӣ шумо аз ў ҳам гумонбаред?
– Ман ин хел нагуфтам.
– Нагуфтед, вале ўро ёфтан мехоҳед?
– Бале.
– Рафту агар ба ў ҳодисае рух диҳад, боз аз ман гумонбар мешавед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ