Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Чӣ кардам?
– Гўё ки намедонед.
– Оё шумо гуфтанӣ нестед, ки ман Сарвинозро таркондаам.
– Ҳарчанд таркиш кори дасти шумо нест, вале шумо бо амали ноҷойи хеш ба таркиш асос гузоштед.
– Ман?
– Ҳа, шумо.
– Пас намегўед, ки он чӣ хел амал будааст?
– Бар хилофи хоҳиши ман шумо ўро аз мақсаду мароми банда огоҳ намудед.
– Хайр чӣ?
– Дигар чӣ ҳам гуфта мешуд, натиҷааш– ку айён аст.
– Шумо гумон доред, ки таркиш тасодуфан ба амал наомадааст?
– Шумо чӣ?
– Ман гумон мекунам, ки ҳамааш тасодуфан рух додааст.
– Чӣ хел тасодуфан?
– Аз эҳтимол дур нест, ки ронандаи автомашина бо худ норинҷак доштааст.
– Норинҷак доштаааст ва онро тарконидааст?
– Кӣ медонад, ки чӣ сабаб шудаасту норинҷак таркидааст.
– Оё нашунидед, ки ронандаи автомашина кӣ будааст?
– Не.
– Ронандаро Насим Ёдгор ному насаб будааст.
– Чӣ, Насим?
– Ҳа, Насим.
– Ҳамон Насими милиса, ҳамоне ки бо Сарвиноз нияти издивоҷ дошт?
– Ҳа, худи худаш, вале ў ҳеҷ гоҳ дар милиса кор накардааст.
– Чӣ хел кор накардааст?
– Ҳамин хел оддӣ, вай барои интиқоли маводи нашъаовар ҳатто суд шудааст.
– Бовар намекунам.
– Чаро?
– Чунки ман худам ўро борҳо ҳамроҳи як милисаи калон медидам.
– Чӣ хел милисаи калон?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ