Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муфаттиш аз ғалладони мизи кориаш протоколи пурсиши шоҳидро берун оварда гуфт:
– Ному насабатон?
– Раънои Бозор.
– Рўз, моҳ, соли таваллуд?
– 25 – уми апрели соли 1982.
– Ҷойи таваллуд?
– Шаҳри Душанбе.
– Ҷойи истиқомат?
– Кўчаи Дўстии халқҳо 18/1 хонаи 10.
Барои надодан ё додани нишондоди бардурўғ шуморо дар асоси моддаҳои 351 – 352 кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунам, ана ба ин ҷо имзо гузоред.
– Чӣ шумо ба суханони ман боварӣ надоред? –ранҷида гуфт Раънои Бозор.
– Талаботи қонун ҳамин аст ва ман мехостам, ки пеш аз оғози суҳбат шумо ба протокол имзо гузоред.
Раънои Бозор дилу бедилон ба ҳамон ҷое, ки муфаттиш нуқта гузошта буд имзо гузошт.
– Марҳамат дар бораи кору бори хеш ва шиносоиатон бо Сарвинози Зоҳир, ҳамчунин сабабҳои аз кор рафтани ў фикру андешаҳои худро нависед?
– Агар ман чунин босавод мешудам, магар пешхизмат кор мекардам.
– Майлаш шумо, гап занед ман худам менависам.
Чун Раънои Бозор ба суолҳои гузоштаи муфаттиш посух дод ва дуюми онҳоро ба протокол дарҷ намуд Фирдавси Ҳаким самти пурсишро тағир дода гуфт:
– Оё шумо аз таркиши дар кўчаи Н.Қарабоев рухдода воқиф ҳастед?
– Ҳа.
– Пас гуфта наметавонед, ки чӣ тавр Сарвиноз ба автомашинае нишаст, ки таваҷҷўҳи милисаро бедор карда буд.
– Не.
– Ман аз шумо илтимос намуда будам, ки дар бораи ташрифи банда ва мақсаду маромам ба касе аз ҷумла ба Сарвиноз даҳон накушоед, ҳамин хел?
– Ҳа.
– Пас шумо чӣ кардед?

пешина
аз 558
навбатӣ