Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Баъди ҳамаи ин ҳодисаҳо оё мо ба марра наздиктар шудаем?
– Не.
– Чаро?
– Чунки таркиши дар кўчаи Н.Қарабоев бо вуқуъ пайваста ҳамаи гиреҳҳои дар даст доштаи моро барканд.
– Ин хело бад аст.
– Чӣ илоҷ, замин сахту осмон баланд…
– Хайр шуд, акнун аз пайи кор шавед. Аз хотир набароред, ки то ҷамбасти солона рўзҳои бешумор мондааст…
– Кўшиш мекунем! – гўён Фирдавси Ҳаким бо сарназоратчии қонун худоҳофизӣ намуд.
Новобаста аз он, ки дар кўчаҳо аз барф дигар ному нишонае ҳам намонда буд, вале зимистон чун ҳокими мутлақ бо тамоми ҳастиаш ҳукмрони дошт. Баробари аз бинои беморхона баромадан Фирдавси Ҳаким гиребони палтояшро бардошта, дастҳояшро ба киса андохта, ба тарафи истгоҳ ҳаракат кард.
Тамоми роҳ ў сари суҳбати хеш бо Асад Ғанӣ андеша дошт ва ба хулосае омад, ки худи ҳукумат акнун бо коррупсия даст ба гиребон шуданист. Маҳз ҳамин ҳолат дар дили прокурор як шўълаеро бедор намудааст. Аз ҳама аҷибаш он буд, ки прокурор дар байни чор девори беморхона истода аз ҷаласаи ҳукумат, ки паси дарҳои пўшида гузаштааст, хабардор шудааст.
Муфаттиш ба хулосае омад, ки шефи ў дар прокуратураи генералӣ ва ё шояд дар худи ҳукумат ҳам чашму гўши худро дорад.
Баробари пой бар даҳлези ошёнаи якуми бинои прокуратура ниҳодан чашми ў ба духтараке бархўрд, ки саргарми тамошои расми ветеранҳои прокуратура буд. Ҳарчанд духтарак пушт ба сўйи дари даромадгоҳ меистод, вале муфаттиш ўро шинохт. Ў сухане нагуфта ҳамон хел оромона ба тарафи дафтари кориаш ҳаракат кард ва танҳо садои тоб додани калид дар дохили қулф духтарро аз банди андешаҳои хеш берун оварда, ба тарафи ў нигариста, ниҳоят овоз рўшан кард.
– Маро ҷеғ зада будед?
– Ҳа, гуфт муфаттиш ва духтарро ба дафтари кориаш даъват намуда, чун худ паси мизи кориаш гузашт ба духтур курсиеро нишон дода гуфт:
– Марҳамат гузашта шинед.
Духтар болои курсӣ нишаста сар ба зер афканд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ